Имкони ифтитоҳи филиали бонкҳои Чин дар Тоҷикистон

Зимни вохӯрии чанде қабл доиргардидаи раиси Бонки миллии ҷумҳурӣ Абдуҷаббор Ширинов бо сафири Чин дар Тоҷикистон ҷаноби Фан Сянҷун масъалаи ташкили Бонки рушди Созмони ҳамкории Шанхай мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Қарори таъсиси Бонки рушд ва Фонди рушди СҲШ моҳи декабри соли гузашта дар нишасти сарони кишварҳои узви СҲШ дар Бишкек қабул шуда буд. Бино ба […]

ASIA-Plus


Зимни вохӯрии чанде қабл доиргардидаи раиси Бонки миллии ҷумҳурӣ Абдуҷаббор Ширинов бо сафири Чин дар Тоҷикистон ҷаноби Фан Сянҷун масъалаи ташкили Бонки рушди Созмони ҳамкории Шанхай мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Қарори таъсиси Бонки рушд ва Фонди рушди СҲШ моҳи декабри соли гузашта дар нишасти сарони кишварҳои узви СҲШ дар Бишкек қабул шуда буд.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти Бонки миллӣ, дар мулоқоти Ширинов бо дипломати чинӣ ҳамчунин масоили омӯзиш ва такмили дониши мутахассисони бонкии ҷумҳурӣ дар бонкҳо ва мактабҳои олии Чин, ифтитоҳи шуъбаҳои бонкҳои Чин дар Тоҷикистон, имконияти истифодаи асъорҳои ҳарду давлат ҳангоми доду гирифти молу маҳсулот, боз ҳам инкишоф додани ҳамкориҳои дуҷониба низ матраҳ гардиданд.

Ба иттилои манбаъ, дар ҷараёни суҳбати судманд изҳор гардид, ки дар айни замон байни Тоҷикистон ва Чин муносибатҳо ҳам дар чаҳорчӯбаи ҳамкориҳои дуҷониба ва ҳам дар доираи ҳамкориҳои бисёрҷониба идома дошта, дар ин маврид махсус қайд карда шуд, ки Ҷумҳурии Чин дар рушди иқтисодиёти Тоҷикистон, аз ҷумла дар бахши сохтмони роҳҳо, гузаронидани хатҳои интиқоли нерӯи барқ ва инкишофи соҳаҳои дигар нақши назаррас дорад.

«Маълум аст, дар ин ҷода низоми бонкӣ, ки имкониятҳои зиёди ҳанӯз истифоданашударо доро мебошад, метавонад дар ҷоннок намудани ҳамкориҳои самарабахш нақши ҳалкунанда ва пешбарро анҷом диҳад», – зикр гардидааст дар мулоқот.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал бо дар бораи фаҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.