«Тоҷикстандарт»: Маҳсулоти Roshen ба меъёрҳои сифат ҷавобгӯ аст

spot_imgspot_img

Дата:


– Ҳеҷ гуна қонуншиканӣ ва берун рафтан аз меъёрҳои сифату бехатарӣ дар маҳсулоти ширкати Roshen дар Тоҷикистон ошкор нашуд, – иттилоъ дод муовини директори Агентии «Тоҷикстандарт» Ибодулло Қурбонов.

Ба гуфтаи ӯ, баъди аз ҷониби «Роспотребнадзор»-и Русия манъ шудани воридоти маснӯоти қаннодии ширкати Roshen ба қаламрави ин кишвар бинобар сабаби мавҷудияти бензопирен (маводи дараҷаи аввали хатарнокӣ) дар он, «Тоҷикстандарт» маҳсулоти ин ширкатро мавриди санҷиш қарор додааст.

«Маҳсулоти воридшуда ба Тоҷикистионро мо ҳамеша санҷида, ҳеҷ гоҳ дар маҳсулоти ин ширкат камбудиҳо ба мушоҳида нарасидаанд ва маҳсулот ба асноди меъёрии Тоҷикистон мутобиқат мекунад. Пас аз пайдо шудани хабарҳои зиёд дар ВАО, бо пешниҳоди Вазорати корҳои дохилӣ мо дубора маҳсулоти ин ширкатро санҷидем, вале аз он навиштаҳои ВАО-и Русия чизе тасдиқ нагардид», – зикр кард И.Қурбонов.

Номбурда ҳамчунин таъкид дошт, ки «баҳси атрофи Roshen – бозии сиёсӣ миёни Украинаву Русия аст». «Роспотребнадзор» чандин маротиба воридоти маҳсулоти моро низ ба Русия манъ карда буд ва ҳамеша ин бо мақсадҳои сиёсӣ сурат мегирифт», – афзуд намояндаи «Тоҷикстандарт».  

Популярное

Похожие материалы

Присоединяйтесь к нам в соцсетях!

Последние новости
Свежее

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе намоиши кӯдаконаи “Гулмоҳӣ” ба саҳна гузошта мешавад. Пеш аз оғози намоиш дар толори...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

“Се зиндонӣ безарар карда шуд”. Додситони кул тирпаронӣ дар боздоштгоҳи Хуҷандро шарҳ дод

Ҳабибулло Воҳидзода, додситони кулли Тоҷикистон тирпаронӣ дар Боздошгоҳи шаҳри...