Судяи гарнизони ҳарбии Хуҷанд зимни порадиҳӣ ба корманди прокуратураи ҳарбӣ бо далели шайъӣ боздошт шуд. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» прокурори ҳарбии вилояти Суғд Сафаралӣ Мирзоев хабар дод.
Ба гуфтаи ӯ, зимни амалиёти муштараки кормандони Раёсати Агентии зиддифасод ва КДАМ-и вилояти Суғд ҳангоми порадиҳӣ дар ҳаҷми 500 доллари ИМА ба корманди прокуратураи ҳарбӣ судяи гарнизони ҳарбии Хуҷанд М.С. дастгир шудааст.
«Ин маблағро судя ба корманди мо барои ҳалли масъала ба нафъи ӯ пешниҳод намудааст. Гап сари он аст, ки ӯ ду нафар (як нафараш хизматчии ҳарбӣ)-ро, ки дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир даст доштанд, аз толори суд озод кард. Прокуратураи ҳарбӣ ба ин ҳукми суд эътироз оварда, сипас судя барои бозпас гирифтани эътироз пора пешниҳод кард», – зикр кард Мирзоев.
Номбурда ҳамчунин зикр кард, ки нисбати судяи гарнизони ҳарбии Хуҷанд М.С. мутобиқи моддаи 320, қ. 1-и КҶ ҶТ (Додани пора ба шахси мансабдор ё тавассути миёнарав) парвандаи ҷиноӣ боз шуда, парванда ҷиҳати баррасии минбаъда ба Сарпрокуратураи ҳарбии ҶТ ирсол гардидааст.
Бино ба маълумоти Раёсати Агентии зиддифасоди вилоят, нимсолаи аввали соли ҷорӣ дар қаламрави минтақаи шимоли ҷумҳурӣ 22 далели (ҳамин давраи соли гузашта – 23 далел) порагирии шахсони мансабдор ва се далели порадиҳӣ ба кормандони Раёсати Агентии зиддифасод ба қайд гирифта шудааст.



