Дар Афғонистон як шаҳрванди Тоҷикистон бо иттиҳоми узвият дар гурӯҳи «Ансоруллоҳ» боздошт шуд

spot_imgspot_img

Дата:


Кормандони Идораи амнияти миллӣ ба ҳамкории нерӯҳои пулис дар шаҳри Файзобод, маркази вилояти Бадахшони Афғонистон, рӯзи 6-уми август як шаҳрванди Тоҷикистонро ба иттиҳоми узвият дар шабакаҳои теруристӣ боздошт кардаанд. Дар ин хусус ба «Азия-Плюс» рӯзноманигори афғони муқими ин шаҳр Хушқадам Усмонӣ иттилоъ дод.

«Маъруф Росих, сухангӯйи волии Бадахшони Афғонистон мегӯяд, фарди боздоштшуда, ки узвияти гурӯҳи «Ансоруллоҳ»-ро дорад, шаҳрванди Тоҷикистон аст. Сухангӯйи волии Бадахшон аз ин фард ҳамчун теруристи хатарнок ёд карда, гуфтааст, ки қасд дошт, ба як мақоми маҳаллии Бадахшон ҳамла кунад. Вай аз шахси мавриди ҳадафи ин фард ном набурд», – афзуд сарчашма.

Ба қавли Усмонӣ, фарди боздоштшуда, ки дар баробари дурбини хабарнигорон зоҳир карда шуд, гуфтааст, ки се сол қабл Тоҷикистонро тарк карда, ба Ирон рафтааст ва пас аз як соли иқомат дар Ирон ба Покистон рафта, масоили низомиро дар Вазиристони шимолӣ омӯзиш дидааст.

«Шаҳрванди боздоштшудаи тоҷикистонӣ (номаш зикр нашудааст) гуфт, ки ба хотири ҷиҳод ба Афғонистон омада, борҳо дар ҷангҳо алайҳи нерӯҳои байнулмилалӣ ва афғон дар манотиқе аз вилояти Пактиё ширкат кардааст. Ӯ ҳамчунин гуфт, ки дар айни замон мехост аз тариқи марзҳои Бадахшон ба Тоҷикистон биравад ва фаъолиятҳои худро дар қаламрави он оғоз кунад», – иброз дошт Усмонӣ.

Ёдовар мешавем, ки ҳанӯз дар соли 2012 Суди олии ҶТ расман фаъолияти гурӯҳи “Ҷамоати Ансоруллоҳ”-ро дар қаламрави Тоҷикистон мамнӯъ эълон карда, онро экстремистӣ ва теруристӣ номид.

Популярное

Похожие материалы

Присоединяйтесь к нам в соцсетях!

Последние новости
Свежее

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе намоиши кӯдаконаи “Гулмоҳӣ” ба саҳна гузошта мешавад. Пеш аз оғози намоиш дар толори...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

“Се зиндонӣ безарар карда шуд”. Додситони кул тирпаронӣ дар боздоштгоҳи Хуҷандро шарҳ дод

Ҳабибулло Воҳидзода, додситони кулли Тоҷикистон тирпаронӣ дар Боздошгоҳи шаҳри...