Изҳороти ҲНИТ дар бораи фитнаангезиҳои навбатии ҳукуматдорон

spot_imgspot_img

Дата:

- Advertisement -


Бо наздик шудани маъракаи интихоботи президентӣ фитнаангезӣ ва фишор нисбати Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон тавассути ВАО, бахусус шабакаҳои давлатии телевизионӣ рӯ ба афзоиш мениҳад.

Бино ба иттилои сомонаи расмии ҲНИТ, рӯзи 6-уми август дар ноҳияи Восеъ вохӯрии раҳбарияти ноҳия бо ходимони дин доир гардида, дар барномаи телевизиони давлатӣ доир ба ин вохӯрӣ зикр гардид, ки ду сокини ин ноҳияро бидуни огаҳиашон ба аъзогии ҲНИТ номнавис кардаанд.

- Advertisement -

«Зикр карданием, ки яке аз ин шахсон собиқ корманди шуъбаи ВКД дар ноҳияи Восеъ, феълан нафақахӯр Ҳаё Зиёев мебошад, ки соли 2010 дар асоси аризааш ба аъзогии ҲНИТ қабул карда шуд ва тамоми ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи ин далел дар бахши ҲНИТ дар ноҳияи Восеъ мавҷуданд. Ғайр аз ин, шаҳрванди зикршуда аз ҷониби ҲНИТ номзад ба вакили маҷлиси маҳаллӣ пешбарӣ шуда, вале ба овозҳои зарурӣ соҳиб нашуд», – гуфта мешавад дар иттилоъ.

Дар идома зикр мегардад, ки шаҳрванди дигар Абдурасул Эгамов ҳеҷ гоҳ узви ҲНИТ набуд, вале сарфи назар аз ин, ҳукумати маҳаллӣ ӯро маҷбур сохтааст, ки барои хориҷ шудан аз ҲНИТ ариза нависад. «Танҳо моҳи гузашта 15 нафар сокинони Восеъ ба сафи ҲНИТ пайвастанд», – таъкид мегардад дар иттилои сомонаи ҲНИТ.

Дар ҳамин ҳол, раҳбарияти ҲНИТ бар ин назар аст, ки фишори афзоянда болои ҳизб ба рӯҳияи «Протоколи 32-20» созгор аст, ки стенограммаи ҷаласаи махфии ҳукумати ҷумҳурӣ номида шуда, баҳори соли гузашта ба ВАО роҳ ёфт. Тибқи ин ҳуҷҷат, ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супориш дода шуд, ки ҷиҳати бадномкунии ҲНИТ ва аъзои он ва ҳамчунин роҳҳои аз сафҳои ҳизб хориҷ шудани аъзои он тадбирҳо андешанд.

Қобили зикр аст, ки феълан шумори аъзои ҲНИТ дар саросари кишвар 40 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Аз соли 2000 ду тан аз намояндагони ҲНИТ дар палатаи поёнии парлумони кишвар фаъолият доранд.

- Advertisement -

Популярное

Похожие материалы