Дар минтақаи ҷануби ҷумҳурӣ як садамаи нақлиёти бузург рух дод.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз шуъбаи навбатдории БДА-и Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон хабар доданд, рӯзи 8-уми август дар роҳи мошингарди Қӯрғонтеппа-Ҷалолиддини Румӣ, дар қаламрави ноҳияи Бохтар бо иштироки 4 автомашинаи сабукрав садамаи нақлиёт ба вуқӯъ пайвастааст.
«Дар натиҷа 6 нафар ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта ба беморхонаи вилоятӣ бистарӣ шуданд», – гуфт манбаъ.
Тибқи маълумоти пешакӣ, сабаби рух додани садама суръати воситаи нақлиётро хеле баланд кардани яке аз иштирокичиёни он будааст. «Ҳанӯз дақиқан гунаҳкори садама муайян карда нашудааст. Кормандони Раёсати БДА-и вилоят дар ҷойи ҳодиса мебошанд», – афзуд сарчашмаи хабар.



