Сафорат: Пеш аз интихоботи мири Маскав вазъи муҳоҷират мушкил мешавад

spot_imgspot_img

Дата:


Рейдҳои оммавӣ оид ба ошкор кардани муҳоҷирони ғайриқонунӣ дар минтақаи назди шаҳри Маскави Русия идома меёбад.

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» намояндаи расмии сафоратхонаи Тоҷикистон дар Русия Муҳаммад Эгамзод дар ин робита хабар дод, пеш аз интихоботи мири Маскав вазъи муҳоҷират мушкил мешавад. «Ҳукумат тартибот ҷорӣ намуда, фазои ороми интихоботро таъмин карданист ва дар ин робита аз эҳтимол дур нест, ки санҷишҳо идома ёбанд», – иброз дошт ӯ.

Номбурда зикр кард, ки рӯзи чоршанбе зимни рейди навбатӣ дар бозори «Садовод» беш аз ҳазор нафар боздошт шуданд. «Боздоштшудагон барои санҷиш ба шуъбаҳои пулис оварда шуданд. Кормандони масъули сафорат дар пайи муайян кардани шаҳрвандони Тоҷикистон миёни боздоштшудагон мебошанд», – гуфт намояндаи сафорат.

Эгамзод таъкид намуд, ки сафорати Тоҷикистон дар Русия тамоми амалиёти марбут ба боздошти муҳоҷирони ғайриқонунинро пайгирӣ дошта, ба муҳоҷирони тоҷики айни замон дар лагери Голяново қарордошта мудом кӯмак мекунад.

Популярное

Похожие материалы