Суғд: Беш аз 200 иншоот ба муносибати ҷашни солгарди Истиқлол

spot_imgspot_img

Дата:


Ба муносибати ҷашни солгарди навбатии Истиқлоли давлатӣ мавриди истифода қарор гирифтани 210 иншооти саноатӣ ва иҷтимоӣ дар вилояти Суғд дар назар аст. Дар ин бора зимни суҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» муовини аввали раиси вилояти Суғд Ҷумъабой Сангинов хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ, бо назардошти имконоти мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва соҳибкорон, ҳукумати вилоят боз ҳам зиёдтар мавриди истифода қарор гирифтани иншооти саноатӣ ва иҷтимоӣ дар қаламрави вилоятро пешбинӣ мекунад.

«Дар аксари иншооти ҷашнӣ, аз ҷумла варзишгоҳи шаҳри Исфара бо 20 ҳазор ҷойи нишаст, кӯдакистони президентӣ дар Хуҷанд, литсей дар шаҳраки Хистеварз ва ғайра  корҳои сохтмон айни замон ба анҷом расиданд», – гуфт Сангинов.

Дар идома ӯ зикр кард, ки дар сохтмони иншооти мазкур ба ҷуз маблағҳои буҷетӣ, маблағҳои соҳибкорони маҳаллӣ низ хароҷот шуда, баъди ба истифода додани онҳо ҳазорон нафар сокинони вилоят бо ҷойҳои кории доимӣ таъмин карда мешаванд.

Популярное

Похожие материалы

Присоединяйтесь к нам в соцсетях!

Последние новости
Свежее

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе намоиши кӯдаконаи “Гулмоҳӣ” ба саҳна гузошта мешавад. Пеш аз оғози намоиш дар толори...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

“Се зиндонӣ безарар карда шуд”. Додситони кул тирпаронӣ дар боздоштгоҳи Хуҷандро шарҳ дод

Ҳабибулло Воҳидзода, додситони кулли Тоҷикистон тирпаронӣ дар Боздошгоҳи шаҳри...