Суғд: Ҳалокати ҳашт нафар дар садамаи нақлиёт

spot_imgspot_img

Дата:

- Advertisement -


Бар асари садамаи нақлиёт, ки шоми 17-уми август дар ноҳияи Ғончии вилояти Суғд рух дод, ҳашт нафар ба ҳалокат расиданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз Раёсати БДА-и ВКД ҶТ хабар дод, дар километри 254-уми роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд ронандаи автомашинаи «Тойота-Кэмри» Нурулло Бузмаков аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, роҳгузар Кибриё Холназароваи 29-соларо бо автомашинааш пахш мекунад ва сипас ба самти муқобили ҳаракат баромада, ба автомашинаи тамғаи «Опел» таҳти идораи Акмал Мансуров бармехӯрад.

- Advertisement -

«Бар асари ин садама ҳашт нафар, аз ҷумла мусофирони ҳарду автомашина, ронандаи автомашинаи «Опел» ва роҳгузари зикршуда ба ҳалокат расиданд. Ду нафар бо ҷароҳатҳо дар беморхона бистарианд», – гуфт манбаъ.

 

- Advertisement -

Популярное

Похожие материалы