Таҳияи буҷети соли 2014 ахири ҳафта ба итмом мерасад

spot_imgspot_img

Дата:


Таҳияи буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2014 дар марҳилаи анҷомёбӣ қарор дорад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсат оид ба буҷети Вазорати молияи ҶТ хабар доданд, таҳияи ҳуҷҷати асосии молиявии кишвар барои соли оянда ахири ҳафта ба итмом мерасад.

«Пас аз маъқул шуморидани ҳуҷҷат аз ҷониби ҳайати мушовараи вазорат, ҳафтаи наздик он ҷиҳати баррасӣ ба комиссияи буҷетии ҳукумати ҷумҳурӣ ирсол мегардад», – гуфтанд дар Вазорати молия.

Ёдрас мекунем, ки ҳамасола буҷети давлатии Тоҷикистон тирамоҳ аз ҷониби палатаи поёнии парлумон дар шакли қонун барои соли навбатии молиявӣ бо пешниҳоди ҳукумати кишвар қабул мегардад.

Тибқи маълумоти пешакии Вазорати молия, даромадҳои ҷории буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2014 (бидуни бурсҳо) дар ҳаҷми беш аз 10,9 млрд. сомонӣ (зиёда аз 2,2 млрд. $) пешбинӣ мешаванд.

Ҳаҷми умумии буҷети давлатии ҷумҳурӣ аз рӯи натиҷаҳои соли гузашта беш аз 9,9 млрд. сомониро ташкил дод.

Дар зарфи 7 моҳи соли равон ҳаҷми умумии буҷети давлатии ҶТ беш аз 6 млрд. сомонӣ (зиёда аз 1,2 млрд. $)-ро ташкил дод, ки 0,1% аз нақшаи пешбинишуда зиёд аст.

Популярное

Похожие материалы

Присоединяйтесь к нам в соцсетях!

Последние новости
Свежее

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе намоиши кӯдаконаи “Гулмоҳӣ” ба саҳна гузошта мешавад. Пеш аз оғози намоиш дар толори...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

“Се зиндонӣ безарар карда шуд”. Додситони кул тирпаронӣ дар боздоштгоҳи Хуҷандро шарҳ дод

Ҳабибулло Воҳидзода, додситони кулли Тоҷикистон тирпаронӣ дар Боздошгоҳи шаҳри...