СММ: Мушкилоти меҳнати кӯдакон бештар дар Тоҷикистону Қазоқистон ва Қирғизистон чашмрас аст

Дар Тоҷикистону Қазоқистон ва Қирғизистон марҳилаи ниҳоии лоиҳаи Созмони байнулмилалии меҳнат (СБМ) оид ба аз байн бурдани меҳнати кӯдакон оғоз гардид. Бино ба маълумоти радиои СММ, дар ин се кишвари Осиёи Марказӣ мушкилоти истифодаи меҳнати кӯдакон бештар чашмрас аст. Ба гуфтаи раиси Иттиҳодияи корфармоёни Тоҷикистон Азизбек Шарифов, лоиҳаи СБМ таҳти унвони «Барҳам додани меҳнати кӯдакон […]

ASIA-Plus


Дар Тоҷикистону Қазоқистон ва Қирғизистон марҳилаи ниҳоии лоиҳаи Созмони байнулмилалии меҳнат (СБМ) оид ба аз байн бурдани меҳнати кӯдакон оғоз гардид.

Бино ба маълумоти радиои СММ, дар ин се кишвари Осиёи Марказӣ мушкилоти истифодаи меҳнати кӯдакон бештар чашмрас аст.

Ба гуфтаи раиси Иттиҳодияи корфармоёни Тоҷикистон Азизбек Шарифов, лоиҳаи СБМ таҳти унвони «Барҳам додани меҳнати кӯдакон дар Осиёи Марказӣ – аз уҳдадорӣ ба амал» аз соли 2010 амалӣ мегардад.

Ӯ зикр кард, ки агар бо амалисозии лоиҳаи мазкур аз байн бурдани истифодаи меҳнати кӯдакон комилан муяясар нагардад ҳам, ба ҳар ҳол ба маҳдуд кардани шаклҳои бадтари он метавон муваффақ гардид.

«Дар мубориза бо шаклҳои бадтарини истифодаи меҳнати кӯдакон мо дар канор буда наметавонем ва аз ин рӯ, бар ин назарем, ки яке аз қисматҳои муҳимтарини фаъолияти корфармоён бояд таҳкими мубориза алайҳи истифодаи шаклҳои бадтарини меҳнати кӯдакон бошад», – таъкид дошт Шарифов.

Қобили зикр аст, ки шаклҳои бадтарини исифодаи меҳнати кӯдакон аз шуғли онҳо дар иқтисодӣ ғайрирасмӣ, истифодаи онҳо бо мақсадҳои истисмори шаҳвонӣ, кор дар кӯчаву хиёбонҳо, маҷбур кардан ба садақаталабӣ, дуздиҳои хурд ва фурӯши маводи мухаддир иборат аст. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.