Оғози амалиёти ҳамасолаи «Кӯдакон» дар пойтахт

Раёсати бозрасии давлатии автомобилӣ аз 31-уми август то 9-уми сентябр дар шаҳри Душанбе амалиёти махсуси «Кӯдакон»-ро доир менамояд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори маркази матбуоти Шуъбаи БДА РКД-и пойтахт Шерафган Латифов хабар дод, амалиёт дар робита ба оғози соли хониш дар макотиби таҳсилоти умумӣ ва пешгирии садамаҳои нақлиёт бо иштироки толибилмони макотиби таҳсилоти умумӣ гузаронида […]

ASIA-Plus


Раёсати бозрасии давлатии автомобилӣ аз 31-уми август то 9-уми сентябр дар шаҳри Душанбе амалиёти махсуси «Кӯдакон»-ро доир менамояд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори маркази матбуоти Шуъбаи БДА РКД-и пойтахт Шерафган Латифов хабар дод, амалиёт дар робита ба оғози соли хониш дар макотиби таҳсилоти умумӣ ва пешгирии садамаҳои нақлиёт бо иштироки толибилмони макотиби таҳсилоти умумӣ гузаронида мешавад.

Ба қавли ӯ, айни замон Раёсати БДА як силсила овезаҳои таблиғотӣ дар мавзӯи «Ҷароҳатбардории кӯдакон дар садамаҳои нақлиёт»-ро омода намудааст, ки дар макотиби таҳсилоти умумӣ паҳн карда мешаванд.

«Дар доираи амалиёт кормандони БДА то 1-уми сентябр кӯчаву гузаргоҳҳои назди мактабҳоро аз назар гузаронида, дар сурати зарурат дар онҳо аломатҳои махсуси иловагӣ насб мекунанд», – гуфт ӯ.

Ба гуфтаи ӯ, рӯзи аввали соли хониш кормандони БДА бо толибилмон дар мактабҳо мулоқот ороста, ба онҳо қоидаҳои асосии бехтарии ҳаракат дар роҳро шарҳ медиҳанд ва навбатдории муштараки омӯзгорону кормандони БДА дар роҳҳо ташкил мегардад.

«Аз оғози сол танҳо дар пойтахти кишвар 43 ҳодисаи садамаи нақлиёт бо иштироки кӯдакон рух дод, ки бар асари он як кӯдак ҳалок ва 44 нафар кӯдакон ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштанд», – афзуд номбурда.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Дар Тоҷикистон чанд собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондааст?

Теъдоди онҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?

Арзиши рекордии алюминий. Чӣ гуна Тоҷикистон метавонад аз гаронии нарх истифода барад?

Кишвар ният дорад, ҳаҷми истеҳсол ва содироти ин металлро зиёд кунад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 73

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар се моҳи соли 2026 иқтисоди Тоҷикистон 8% рушд кардааст

Муҳаррикҳои асосӣ бахши кишоварзӣ, саноат ва сохтмон боқӣ мондаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 23 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Абдуҷаббор Азизиву Қурбоналӣ Абдулло то Рӯзи ҷаҳонии китоб ва ҳуқуқи муаллифӣ.

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.