Иштироки дастаи Тоҷикистон дар даври интихобии Чемпионати футболи хурди Осиё

Дастаи мунтахаби футболи хурд (футзал)-и Тоҷикистон таҳти роҳбарии сармураббӣ Дамир Камолиддинов дар мусобиқоти даври интихобии минтақаи Осиёи Марказии Чемпионати Осиё-2014 оид ба футболи хурд, ки рӯзҳои 5-7-уми ноябр дар Тошканд доир мегардад, иштирок мекунад. Тавре сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад, барои дарёфти роҳхат аз гурӯҳи «А» дастаҳои Тоҷикистону Қирғизистон ва Туркманистону Ӯзбекистон рақобат […]


Дастаи мунтахаби футболи хурд (футзал)-и Тоҷикистон таҳти роҳбарии сармураббӣ Дамир Камолиддинов дар мусобиқоти даври интихобии минтақаи Осиёи Марказии Чемпионати Осиё-2014 оид ба футболи хурд, ки рӯзҳои 5-7-уми ноябр дар Тошканд доир мегардад, иштирок мекунад.

Тавре сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад, барои дарёфти роҳхат аз гурӯҳи «А» дастаҳои Тоҷикистону Қирғизистон ва Туркманистону Ӯзбекистон рақобат мекунанд.

Ба иттилои манбаъ, вохӯриҳо дар маҷмааи варзишии «Ӯзбекистон» доир гардида, дар вохӯрии нахуст дастаи Тоҷикистон бо тими мунтахаби Қирғизистон қувваозмоӣ мекунад. Вохӯриҳои дигар даста рӯзи 6-уми ноябр бо дастаи Ӯзбекистон ва рӯзи 7-уми ноябр бо дастаи Туркманистон баргузор мешаванд.

Қобили зикр аст, ки ба давраи ниҳоии Чемпионати Осиё се даста аз ин гурӯҳ роҳхат мегиранд. Чемпионати ахири Осиё оид ба футболи хурд соли гузашта дар Аморати Муттаҳидаи Араб доир гардида, дастаи Ҷопон ғолибият ба даст оварда буд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.