Дар Кӯлоб ҳудуди 92%-и нақша ҳосили пахта ҷамъоварӣ шуд

Ба санаи 21-уми октябри соли ҷорӣ кишоварзони 5 ноҳияи пахтакори минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон 60 ҳазору 710 тонна ҳосили пахта ҷамъоварӣ намуданд, ки ҳудуди 92%-и нақшаи солонаро ташкил медиҳад. Сарагрономи Раёсати кишоварзии минтақаи Кӯлоб Раҷабалӣ Кулабеков ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки пешсафони маъракаи ҳосилғундорӣ дар минтақа деҳқонони ноҳияи Данғара мебошанд, ки […]

Турко Дикаев


Ба санаи 21-уми октябри соли ҷорӣ кишоварзони 5 ноҳияи пахтакори минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон 60 ҳазору 710 тонна ҳосили пахта ҷамъоварӣ намуданд, ки ҳудуди 92%-и нақшаи солонаро ташкил медиҳад.

Сарагрономи Раёсати кишоварзии минтақаи Кӯлоб Раҷабалӣ Кулабеков ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки пешсафони маъракаи ҳосилғундорӣ дар минтақа деҳқонони ноҳияи Данғара мебошанд, ки то имрӯз ба миқдори 97,1%-и нақша ҳосили пахта ҷамъоварӣ намудаанд.

Ба гуфтаи ӯ, кишоварзони минтақа бидуни мушкилот нақшаи имсолаи ҷамъоварии ҳосили пахтаро, ки 69 ҳазору 383 тоннаро ташкил медиҳад, ба иҷро хоҳанд расонид. «Суръати имрӯзаи ҷамъоварии ҳосил нисбат ба соли гузашта 3 ҳазору 148 тонна бештар буда, обуҳаво устувор ва нарх ҳам ба нахи пахта соли ҷорӣ нисбат ба соли гузашта баландтар аст», – афзуд номбурда.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Ҷазои 20 сарбоз барои фирор аз қисми низомӣ. Арзёбии шароити сарбозон ва будубоши онҳо дар қисмҳои низомӣ аз сӯйи Омбудсмен

Ҳамчунин, 10 корманди комиссариатҳои ҳарбӣ барои дағалона рафтор кардан ва иҷро накардани вазифаҳои хидматӣ муҷозот шудаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Далер Лоҳутӣ ва Абдулфаттоҳ Ҳотамов, бунёдгузори литсейи "Ҳотам ПВ" то рӯзи ҷаҳонии моликияти зеҳнӣ.

Эроние мехоҳад муаррифи Тоҷикистон бошад. Ӯ кист ва чӣ бардошт аз кишвари мо дорад?

Ӯ тафовути фарҳангӣ миёни эрониён ва тоҷикистониёнро дар чӣ мебинад ва барои ҳунармандони тоҷик чӣ пешниҳод дорад?

Дар либоси нозирони милитсияи Душанбе дурбинҳои назоратӣ насб мекунанд

Қаблан ба нозирони роҳ ин дастгоҳ дода шуда буд, аммо то куҷо истифода шуд, номаълум аст.

Оҷонсии зиддифасод мудир ва сармуҳосиби Маркази саломатии №2 дар Кӯлобро ба тасарруфи беш аз 233 ҳазор сомонӣ пули беҷет айбдор мекунад

Гумонбари асосии ин қазия роҳбари як корхона аст, ки марказҳои тиббиро бо таҷҳизоту лавозимот таъмин мекард.

Маҳдудиятҳои аврупоӣ нисбат ба ҶСК “Коммерсбонки Тоҷикистон” бекор карда шуданд

Маҳдудиятҳои аврупоӣ, ки қаблан нисбат ба ҶСК "Коммерсбонк Тоҷикистон" амал мекарданд, расман бекор гардиданд.

Тоҷикистони рақамӣ: аз онлайн-хадамот то иқтисоди нав

Равандҳое, ки қаблан чандин бор ҳузури шахсиро талаб мекарданд, акнун фосилавӣ иҷро мешаванд, ки хароҷотро ба таври назаррас кам мекунанд.