Курсҳои такмили ихтисоси омӯзгорони забони русӣ бо дастгирии сафорати Русия

Имрӯз дар Душанбе дар курсҳои такмили ихтисос барои 30 нафар омӯзгорони фанни забони русӣ дар макотиби таҳсилоти умумии тоҷикзабон аз вилоятҳои Суғду Хатлон ва навоҳии тобеи марказ машғулиятҳо оғоз гардиданд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз сафоратхонаи Русия дар Тоҷикистон хабар доданд, курсҳои такмили ихтисос бо дастгирии молиявии сафорати мазкур дар заминаи Донишкадаи такмили ихтисоси Донишгоҳи […]

Валентина Кондрашова


Имрӯз дар Душанбе дар курсҳои такмили ихтисос барои 30 нафар омӯзгорони фанни забони русӣ дар макотиби таҳсилоти умумии тоҷикзабон аз вилоятҳои Суғду Хатлон ва навоҳии тобеи марказ машғулиятҳо оғоз гардиданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз сафоратхонаи Русия дар Тоҷикистон хабар доданд, курсҳои такмили ихтисос бо дастгирии молиявии сафорати мазкур дар заминаи Донишкадаи такмили ихтисоси Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон созмон дода шудааст.

«Машғулиятҳо дар курсҳо то 30-юми октябр идома ёфта, дар ин давра оид ба масоили умумии назария ва таълими забони русӣ дар мактаби миёна ва дигар паҳлӯҳои муҳими омӯзиши пурсамари забон дарсҳои назарияву амалӣ баргузор карда мешаванд», – гуфтанд дар сафорати Русия.

Зимнан зикр гардид, ки то ахири ҳамин сол сафорат ният дорад, ки барои баргузории боз як чорабинии ба ин монанд воситаҳои иловагӣ ҷудо намояд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Далер Лоҳутӣ ва Абдулфаттоҳ Ҳотамов, бунёдгузори литсейи "Ҳотам ПВ" то рӯзи ҷаҳонии моликияти зеҳнӣ.

Эроние мехоҳад муаррифи Тоҷикистон бошад. Ӯ кист ва чӣ бардошт аз кишвари мо дорад?

Ӯ тафовути фарҳангӣ миёни эрониён ва тоҷикистониёнро дар чӣ мебинад ва барои ҳунармандони тоҷик чӣ пешниҳод дорад?

Дар либоси нозирони милитсияи Душанбе дурбинҳои назоратӣ насб мекунанд

Қаблан ба нозирони роҳ ин дастгоҳ дода шуда буд, аммо то куҷо истифода шуд, номаълум аст.

Оҷонсии зиддифасод мудир ва сармуҳосиби Маркази саломатии №2 дар Кӯлобро ба тасарруфи беш аз 233 ҳазор сомонӣ пули беҷет айбдор мекунад

Гумонбари асосии ин қазия роҳбари як корхона аст, ки марказҳои тиббиро бо таҷҳизоту лавозимот таъмин мекард.

Маҳдудиятҳои аврупоӣ нисбат ба ҶСК “Коммерсбонки Тоҷикистон” бекор карда шуданд

Маҳдудиятҳои аврупоӣ, ки қаблан нисбат ба ҶСК "Коммерсбонк Тоҷикистон" амал мекарданд, расман бекор гардиданд.

Тоҷикистони рақамӣ: аз онлайн-хадамот то иқтисоди нав

Равандҳое, ки қаблан чандин бор ҳузури шахсиро талаб мекарданд, акнун фосилавӣ иҷро мешаванд, ки хароҷотро ба таври назаррас кам мекунанд.