Муҳайё сохтани шароити зарурӣ дар ФБД Душанбе барои бозгашти ҳоҷиён

Рӯзи сеюм аст, ки ҳоҷиёни кишвар аз зиёрати Каъба ба Ватан бармегарданд. Бино ба иттилои котиби матбуотии Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе (ФБД) Муҳаммадюсуф Шодиев, баргаштани ҳоҷиён аз 19-уми моҳи октябр шурӯъ гардида, то 3-юми моҳи ноябр идома меёбад. «Барои гусел ва қабули ҳоҷиён, бору бағочи онҳо фурудгоҳи байналмилалии Душанбе омодагии пурра дида, шароити заруриро муҳайё намуд», […]

ASIA-Plus


Рӯзи сеюм аст, ки ҳоҷиёни кишвар аз зиёрати Каъба ба Ватан бармегарданд.

Бино ба иттилои котиби матбуотии Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе (ФБД) Муҳаммадюсуф Шодиев, баргаштани ҳоҷиён аз 19-уми моҳи октябр шурӯъ гардида, то 3-юми моҳи ноябр идома меёбад. «Барои гусел ва қабули ҳоҷиён, бору бағочи онҳо фурудгоҳи байналмилалии Душанбе омодагии пурра дида, шароити заруриро муҳайё намуд», – гуфт номбурда.

Ёдовар бояд шуд, ки имсол аз фурудгоҳи Душанбе 4713 нафар зойирин тариқи ширкатҳои ҳавопаймоии ватанӣ – «Тоҷик Эйр» ва «Сомон Эйр» барои зиёрати Хонаи Худо ба шаҳрҳои Ҷидда ва Мадина гусел шуданд. Фурудгоҳи Душанбе дар маҷмӯъ ба 48 адад рейсҳои рафта ва омада хизматрасонӣ мекунад.

Қобили зикр аст, ки соли равон Арабистони Саъудӣ барои зойирини тамоми кишварҳо шумори квотахоро ба андозаи 20% кам кард. Бо назардошти ин квота имсол 6,3 ҳазор нафар тоҷикистониён макони муқаддаси Исломро зиёрат карданд. Тибқи маълумоти ахир, ду нафар тоҷикистониён дар макони муқаддаси ислом аз олам даргузаштанд.

Нархи ҳаҷҷи имсола 17 ҳазору 625 сомонӣ (беш аз 3 ҳазору 710 $)-ро ташкил дод, ки дар муқоиса бо соли гузашта 497,3 сомонӣ зиёдтар аст. Бо ин маблағ зоирини Хонаи Худо тавассути ҳавопаймо ба макони муқаддаси мусалмонон расонида шуда, бо меҳмонхона дар Маккаву Мадина, сарулибоси ягонаи маъмулӣ бо нишони Тоҷикистон, хӯроки севақта, кӯмаки тиббӣ, чорво барои қурбонӣ кардан, ҷомадон ва дигар хизматгузориҳои зарурӣ таъмин карда шуданд.

Соли гузашта адои маросими ҳаҷ барои тоҷикистониён – 3 ҳазору 546 $ ва соли 2011 – 3 ҳазору 448 доллари ИМА-ро ташкил дода буд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Эроние мехоҳад муаррифи Тоҷикистон бошад. Ӯ кист ва чӣ бардошт аз кишвари мо дорад?

Ӯ тафовути фарҳангӣ миёни эрониён ва тоҷикистониёнро дар чӣ мебинад ва барои ҳунармандони тоҷик чӣ пешниҳод дорад?

Дар либоси нозирони милитсияи Душанбе дурбинҳои назоратӣ насб мекунанд

Қаблан ба нозирони роҳ ин дастгоҳ дода шуда буд, аммо то куҷо истифода шуд, номаълум аст.

Оҷонсии зиддифасод мудир ва сармуҳосиби Маркази саломатии №2 дар Кӯлобро ба тасарруфи беш аз 233 ҳазор сомонӣ пули беҷет айбдор мекунад

Гумонбари асосии ин қазия роҳбари як корхона аст, ки марказҳои тиббиро бо таҷҳизоту лавозимот таъмин мекард.

Маҳдудиятҳои аврупоӣ нисбат ба ҶСК “Коммерсбонки Тоҷикистон” бекор карда шуданд

Маҳдудиятҳои аврупоӣ, ки қаблан нисбат ба ҶСК "Коммерсбонк Тоҷикистон" амал мекарданд, расман бекор гардиданд.

Тоҷикистони рақамӣ: аз онлайн-хадамот то иқтисоди нав

Равандҳое, ки қаблан чандин бор ҳузури шахсиро талаб мекарданд, акнун фосилавӣ иҷро мешаванд, ки хароҷотро ба таври назаррас кам мекунанд.