Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти навбатии Шӯрои сарони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки рӯзи 25-уми октябр дар пойтахти Белорус – шаҳри Минск доир мегардад, ширкат хоҳад варзид.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод, дар пойтахти Белорус Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо ҳамтоҳои худ аз кишварҳои узви ИДМ дидору гуфтушунид анҷом медиҳад.
Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ, рӯзномаи ҷаласаи Шӯрои сарони кишварҳои ИДМ дар Минск аз 17 лоиҳаи аснод иборат аст, ки ба танзими масоили ҳамкорӣ дар бахшҳои гуногун нигаронида шудаанд.
Дар ҷаласа аз ҷумла баррасии масоиле аз қабили омодагӣ ба таҷлили ҷашни 70-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ (ҶБВ), соли 2015-ро дар доираи ИДМ эълон намудани Соли собиқадорони ҶБВ ва таъсиси мукофотҳои ягона ба муносибати ин ҷашн пешниҳод шудааст.



