Таваҷҷуҳи Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ ба иқтисоди Тоҷикистон

Рӯзи сешанбеи ҳамин ҳафта дар Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон раиси Палата Шариф Саид бо Шириш М.Сони, сафири Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ дар Тоҷикистон, Қазоқистон, Туркманистон ва Қирғизистон (бо қароргоҳ дар Остона) мулоқот орост. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти ПСС ҶТ, Шариф Саид ба дипломати африқоӣ роҷеъ ба самтҳои афзалиятноки иқтисоди Тоҷикистон, аз ҷумла соҳаҳои гидроэнергетика, […]

ASIA-Plus


Рӯзи сешанбеи ҳамин ҳафта дар Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон раиси Палата Шариф Саид бо Шириш М.Сони, сафири Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ дар Тоҷикистон, Қазоқистон, Туркманистон ва Қирғизистон (бо қароргоҳ дар Остона) мулоқот орост.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти ПСС ҶТ, Шариф Саид ба дипломати африқоӣ роҷеъ ба самтҳои афзалиятноки иқтисоди Тоҷикистон, аз ҷумла соҳаҳои гидроэнергетика, мошинсозӣ, саноати коркард, сохтмон, дорусозӣ ва сайёҳӣ ва ҳамчунин бахшҳои ниёзманд ба сармоягузорӣ маълумоти муфассал пешниҳод намуд.

Дар навбати худ сафири Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ изҳор кард, ки кишвари ӯ бахусус ба роҳандозии ҳамкориҳо бо Тоҷикистон дар бахшҳои саноати кӯҳкорӣ ва сайёҳӣ таваҷҷуҳ дорад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.