Ҳудуди 32. млн. еврои Олмон баҳри дастгирии бахши тандурустии Тоҷикистон

Рӯзи сешанбеи ҳамин ҳафта вазири рушди иқтисод ва савдои ҶТ Шариф Раҳимзода ва намояндаи Бонки рушди Олмон Олга Геффел Созишномаи байниҳукуматӣ миёни Тоҷикистону Олмон дар бораи расонидани кӯмаки ройгон ба бахши тандурустии Тоҷикистонро ба имзо расониданд. Тавре аз хадамоти матбуоти Вазорати рушди иқтисоди ҷумҳурӣ хабар доданд, мутобиқи ин созишнома Олмон барои амалисозии марҳилаи 2,3 ва […]

Пайрав Чоршанбиев


Рӯзи сешанбеи ҳамин ҳафта вазири рушди иқтисод ва савдои ҶТ Шариф Раҳимзода ва намояндаи Бонки рушди Олмон Олга Геффел Созишномаи байниҳукуматӣ миёни Тоҷикистону Олмон дар бораи расонидани кӯмаки ройгон ба бахши тандурустии Тоҷикистонро ба имзо расониданд.

Тавре аз хадамоти матбуоти Вазорати рушди иқтисоди ҷумҳурӣ хабар доданд, мутобиқи ин созишнома Олмон барои амалисозии марҳилаи 2,3 ва 4-уми лоиҳаи «Ҳифзи солимии модару кӯдак ва ёрии таъҷилии тиббӣ» 31,5 млн. евро маблағ ҷудо мекунад.

Қобили зикр аст, ки қаблан барои амалисозии марҳилаи 1-уми лоиҳа ҳукумати Олмон 10 млн. евро маблағ ихтисос дода буд, ки баҳри такмил ва беҳбуди фаъолияти таваллудхонаҳо дар вилояти Хатлон равона гардида буданд.

Интизорӣ меравад, ки амалисозии лотҳаи мазкур ба беҳбуди вазъи дастрасии аҳолӣ ба хизматгузориҳои тиббии хушсифат мусоидат хоҳад кард.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.