Президенти Эрон ба Тоҷикистон меояд

Сафари расмии президенти тозаинтихоби Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ ба Тоҷикистон аввали моҳи ноябр дар назар аст. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъи огаҳ аз ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ дод, ҳадаф аз сафари мазкур таҳкими муносибатҳои иқтисодии Тоҷикистону Эрон унвон мешавад ва дар гуфтушунидҳо маҳз ба ҳамин масъала таваҷҷуҳи хосса зоҳир хоҳад шуд. Ба иттилои манбаъ, дар Тоҷикистон […]

Заррина Эргашева


Сафари расмии президенти тозаинтихоби Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ ба Тоҷикистон аввали моҳи ноябр дар назар аст.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъи огаҳ аз ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ дод, ҳадаф аз сафари мазкур таҳкими муносибатҳои иқтисодии Тоҷикистону Эрон унвон мешавад ва дар гуфтушунидҳо маҳз ба ҳамин масъала таваҷҷуҳи хосса зоҳир хоҳад шуд.

Ба иттилои манбаъ, дар Тоҷикистон бо дастгирии молиявии Эрон иншооти бузурге бунёд шуда истодаанд, ки сарони кишварҳо дар ин маврид табодули назар хоҳанд кард. «Дар гуфтушунидҳо баррасии мушкилоти комилан ба анҷом расонидани сохтмони нақби «Истиқлол» ва пурра мавриди истифода қарор гирифтани нерӯгоҳи «Сангтӯда-2» аз эҳтимол дур нест», – гуфт манбаъ.

Ғайр аз ин, Эрон дар амалисозии лоиҳаҳо дар бахши нақлиёт дар Тоҷикистон манфиатдор аст. Дар ин самт метавон аз лоиҳаи сохтмони роҳи оҳани Чин-Қирғизистон-Тоҷикистон-Афғонистон-Эрон ном бурд, ки аввали ҳафтаи равон ин масъала мавриди барррасии сарони кишварҳои Тоҷикистону Афғонистон дар Душанбе қарор гирифта буд.

Қобили зикр аст, ки тӯли моҳҳои январ-сентябри соли ҷорӣ ҳаҷми муомилоти молӣ миёни Тоҷикистону Эрон 229 млн. 575,8 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 33% бештар аст. Дар зарфи 9 моҳ ҳаҷми содирот ба 95,7 млн. $ ва воридот аз Эрон ба 133,8 млн. $ баробар шуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.