Дарёфти боқимондаҳои ҷасади аскари дар ҶБВ ҳалокшудаи тоҷик дар назди Киев

Дар деҳаи Юровка, ноҳияи Киево-Святошини вилояти Киеви Украина боқимондаҳои ҷасади сарбози тоҷики дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ бедаракшуда Раҳмат Ҳимматов (соли таваллуд 1911), ки зимни муҳориба барои муҳофизати шаҳри Киев моҳи августи соли 1941 ба ҳалокат расидаасту то ҳанӯз бедаракшуда маҳсуб меёфт, дарёфт гардид. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» муовини командири Иттиҳодияи бостоншиносии ҷустуҷӯиву ватандӯстии «Днер-Украина» Дмитрий […]

Меҳрангез Турсунзода


Дар деҳаи Юровка, ноҳияи Киево-Святошини вилояти Киеви Украина боқимондаҳои ҷасади сарбози тоҷики дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ бедаракшуда Раҳмат Ҳимматов (соли таваллуд 1911), ки зимни муҳориба барои муҳофизати шаҳри Киев моҳи августи соли 1941 ба ҳалокат расидаасту то ҳанӯз бедаракшуда маҳсуб меёфт, дарёфт гардид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» муовини командири Иттиҳодияи бостоншиносии ҷустуҷӯиву ватандӯстии «Днер-Украина» Дмитрий Заборин хабар дод, боқимондаҳои ҷасади сарбоз зимни анҷом додани корҳои саҳроӣ моҳи сентябри соли ҷорӣ дарёфт шудаанд.

«Тибқи нишон (жетон)-и шахсии дарёфтшуда, Р.Ҳимматов зодаи Қубодиён, шӯрои деҳоти Самсолиқ, ноҳияи Комосомлобод (феълан Нуробод)-и ҶШС Тоҷикистон аст. Ӯ аз ҷониби комиссариати ҳарбии ноҳияи Комсомолобод ба хизмати ҳарбӣ даъват шудааст. Ному насаби ҳамсараш Тоҳирова Эброви зикр шудааст», – гуфт Заборин ва аз ОИ «Азия-Плюс» дархост намуд, ки ба пайдо кардани хешону наздикони сарбоз Химматов ба ӯ кумак расонида шавад.

Қобили зикр аст, ки дар ҷабҳаҳои набарди ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳудуди 290 ҳазор сарбозону афсарони тоҷик корнамоиҳо нишон дода, 90 ҳазор нафари онҳо ба ҳалокат расиданд. Дар ҶБВ 49 нафар тоҷикистониён ба унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ, 14 нафар бо маҷмӯи пурраи се дараҷаи ордени Шараф ва зиёда аз 55 ҳазор нафарашон бо мукофотҳои гуногуни ҷангӣ сарфароз гардонида шуданд.

Моҳи апрели соли гузашта, бо гузашти қариб 70 сол дар назди шаҳри Санкт-Петербург қабри сарбози тоҷики замони ҶБВ бедаракшуда Зайниддин Осимӣ дарёфт гардида буд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.