Интихобот ба дастрасӣ ба Интернет таъсир дорад?

spot_imgspot_img

Дата:


Ба андешаи роҳбари Ассотсиатсияи ширкатҳои фароҳамсози интернети Тоҷикистон Асомуддин Атоев, ба интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон ҳамчун як рӯйдоди муҳими сиёсӣ аз хориҷи кишвар таваҷҷуҳи зиёд зоҳир мешавад ва шояд ҳамин сабаб ба суст шудани суръати дастрасӣ ба шабаакаи Интернет боис гардида бошад.

«Умуман дар саросари ҷумҳурӣ ҷиҳати дастрасӣ ба шабакаи Интернет мушкилие нест, вале суст шудани суръати дастрасӣ ба он ба мушоҳида мерасад ва ба фикрам, ин ба интихоботи президентӣ рабт дорад, вале аз эҳтимол дур нест, ки тахмини ман низ шояд иштибоҳ бошад», – иброз дошт ӯ.

Дар ҳамин ҳол чанде аз сокинони пойтахт аз комилан дастрас набудани шабакаи Интернет шикоят доранд ва дар шабакаи тоҷикии Facebook имрӯз аз ин мушкилот зиёд баҳсу мунозираҳо сурат мегирад.

Дар шарҳи ин масъала ба ОИ «Азия-Плюс» аз ширкатҳои фароҳамсози Интернети «Телеком Технолоҷи» ва «Истера» хабар доданд, ки дастнорас будани интернет дар баъзе ноҳияҳои пойтахт ба сар задани сӯхтор дар яке аз чоҳҳои коммуникатсионии зери пули хиёбони Саъдии Шерозӣ вобаста аст, ки айни замон назди маҷмааи табъу нашри «Шарқи озод» мавриди таъмир қарор дорад ва базудӣ камбудӣ бартараф ва дастрасӣ таъмин хоҳад шуд.

Ба ҷуз дастрасии душвор ба Интернет, субҳи имрӯз чанде аз корбарони тоҷик аз дастрасӣ ба сомонаҳои Youtube.com ва сомонаи хабаргузории «Озодагон» –

www.ozodagon.com

низ маҳрум шуданд. Аз идораи хабаргузории «Озодагон» дар ин робита иттилоъ доданд, ки яқинан дастрасӣ ба сомонаи онҳо қатъ карда шудааст.

Популярное

Похожие материалы

Присоединяйтесь к нам в соцсетях!

Последние новости
Свежее

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе намоиши кӯдаконаи “Гулмоҳӣ” ба саҳна гузошта мешавад. Пеш аз оғози намоиш дар толори...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

“Се зиндонӣ безарар карда шуд”. Додситони кул тирпаронӣ дар боздоштгоҳи Хуҷандро шарҳ дод

Ҳабибулло Воҳидзода, додситони кулли Тоҷикистон тирпаронӣ дар Боздошгоҳи шаҳри...