САҲА аз интихобот дар Тоҷикистон норозӣ аст

Интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон оромона баргузор шуданд, вале талаботи маҳдудият дар бақайдгирии номзадҳо ба аз байн рафтани фазои гуногунандешӣ ва интихоби ҳақиқӣ боис гардид, – зикр карданд дар изҳороти имрӯз интишорнамудаи худ дар робита ба интихобот нозирони Дафтари САҲА оид ба Институтҳои Демократӣ ва Ҳуқуқи Башар (САҲА/ДИДҲБ) ва Парлумони Аврупо. Дар изҳорот қайд мешавад, ки […]

ASIA-Plus


Интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон оромона баргузор шуданд, вале талаботи маҳдудият дар бақайдгирии номзадҳо ба аз байн рафтани фазои гуногунандешӣ ва интихоби ҳақиқӣ боис гардид, – зикр карданд дар изҳороти имрӯз интишорнамудаи худ дар робита ба интихобот нозирони Дафтари САҲА оид ба Институтҳои Демократӣ ва Ҳуқуқи Башар (САҲА/ДИДҲБ) ва Парлумони Аврупо.

Дар изҳорот қайд мешавад, ки бо роҳандозии инъикоси бузургмиқёси фаъолияти расмии президенти амалкунанда васоити ахбори умуми давлатӣ бартарияти назаррасеро барои ӯ таъмин намуданд.

«КМИР баҳри беҳбуди шаффофият ва идораи пурсамари интихобот тадбирҳо андешидааст, ки иқдоми мусбатест. Рӯзи овоздиҳӣ камбудиҳои назаррас ба чашм расиданд. Барои иштирок дар интихобот бо шумули президенти амалкунанда 6 номзад ба қайд гирифта шуданд. Талаботи маҳдудкунӣ, аз ҷумла шумораи беасоси хеле зиёди имзоҳо барои бақайдгирӣ монеъаи ҷиддӣ буда, мухолифи уҳдадориҳои САҲА ва дигар меъёрҳои интихоботи демократӣ мебошанд», – омадааст дар изҳорот.

Дар изҳороти нозирони САҲА ҳамчунин зикр мегардад, ки сарфи назар аз тавсияҳои САҲА оид ба беҳбуди қонунгузорӣ, моҳиятан ин интихобот ҳам тибқи заминаи қонунгузории соли 2006 дар интихоботи президентӣ гузаронида шуданд.

Гуфта мешавад, бинобар сабаби мавҷуд набудани рӯйхати мутамаркази интихобкунандагон пешгирии якчанд маротиба ба рӯйхати интихобкунандагон ворид кардани як шаҳрванд ғайриимкон аст.

Роҳбари ҳайати Ассамблеяи парлумонии САҲА Маргарет Седерфелт ҳузур надоштани номзадии зан дар интихобот ва дар маҷмӯъ дар ҳаёти сиёсиву мақомоти раҳбарии кишварро зикр карда, аз намояндагии ин синфи ҷомеа дар Тоҷикистон масъалагузорӣ кард.

Ба гуфтаи роҳбари гурӯҳи дарозмӯхати нозирони САҲА/ДИДҲБ Параскива Бадеску муддати 6 ҳафтаи мушоҳида камбудиҳои ҷиддие дар бақайдгирии номзадҳо ва интихобкунандагон ба чашм расиданд, ки ба гунаи мисол, яке аз он намояндагии баробари аҳзоби сиёсӣ дар комиссияҳои интихоботии сатҳи поёнӣ мебошад.

Ӯ ҳамчунин зикр кард, ки сифати кори комиссияҳои интихоботӣ нисбатан беҳтар шудааст. Бадеску бар ин назар аст, ки нисбат ба дигар номзадҳо ба яке аз онҳо таваҷҷуҳи бештар зоҳир шуд.

«Рӯзи интихобот оромона гузашт, вале дар аксари қитъаҳои интихоботӣ нозирон камбудиҳоро мушоҳида карданд, аз ҷумла ба ҷойи дигарон овоз доданд, овоздиҳии гурӯҳӣ ё оилавӣ, аломатҳои ғайриқонунӣ ба қуттиҳо партофтани варақаҳо, дар ҳудуди берун аз қаламрави қитъа овехта нашудани натиҷаҳои овоздиҳӣ барои шиносоии ҷомеа бо он ва ғайра», – иброз дошт ӯ.

Параскива Бадеску ҳамчунин зикр кард, ки дар доираи созишномаи Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон дар бораи шарикӣ ва ҳамкорӣ, Парлумони Аврупо ба таҳкими ҳамкориҳо бо Тоҷикистон дар самти рушди раванди демократия ба манфиати аҳолӣ омода аст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 апрели соли 2026

Аз таъсиис Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Кӯлоб то зодрӯзи Сурайё Қосимова ва даргузашти Бахтиёр Худойназаров

Музокироти сулҳи Эрону Амрико. Умеду навмедии сокинони Душанбе

Баъзе ба ин назаранд, ки дидору гуфтугӯҳои мақомдорони ду кишвар натиҷае нахоҳад дод.

Тоҷикистон ният дорад аз Қазоқистон то 1,3 млн тонна ғалла ворид кунад

Тоҷикистон ният дорад, ки аз ин кишвар то 1,3 млн тонна зироати ғалладона ворид намояд.

Имтиёз барои “мағзҳо”. Русия ба муҳоҷирон “корти сабз” пешниҳод кард

Акнун киҳо метавонанд бидуни имтиҳон ва навбат ҳуҷҷати иқомат гиранд?