Шикасти футболбозони тоҷик аз мунтахаби Ӯзбекистон дар Тошканд

Дар вохӯрии дуюми даври интихобии мусобиқоти Чемпионати Осиё-2014 оид ба футболи хурд (футзал) дар минтақаи Осиёи Марказӣ, ки дар шаҳри Тошканд ҷараён дорад, футболбозони тоҷик аз дастаи мунтахаби Ӯзбекистон бо ҳисоби 4 бар 5 шикаст хӯрданд. Бино ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон, акнун барои роҳ ёфтан ба даври ниҳоии мусобиқот, ба мунтахаби Тоҷикистон […]

ASIA-Plus


Дар вохӯрии дуюми даври интихобии мусобиқоти Чемпионати Осиё-2014 оид ба футболи хурд (футзал) дар минтақаи Осиёи Марказӣ, ки дар шаҳри Тошканд ҷараён дорад, футболбозони тоҷик аз дастаи мунтахаби Ӯзбекистон бо ҳисоби 4 бар 5 шикаст хӯрданд.

Бино ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон, акнун барои роҳ ёфтан ба даври ниҳоии мусобиқот, ба мунтахаби Тоҷикистон кифоя аст, ки вохӯрии охирин бо дастаи Туркманистонро, ки имрӯз доир мегардад, мусовӣ анҷом бидиҳад, зеро дар бозии аввал футболбозони тоҷик бар дастаи мунтахаби Қирғизистон бо ҳисоби 8 бар 4 дастболо шуда буданд.

Рӯзи 5-уми ноябр дар пойтахти Ӯзбекистон – шаҳри Тошканд мусобиқоти даври интихобии Чемпионати Осиё-2014 оид ба футболи хурд (футзал) дар минтақаи Осиёи Марказӣ оғоз гардид. Дар ин ҷо барои дарёфти роҳхат аз гурӯҳи «А» дастаҳои Тоҷикистону Қирғизистон ва Туркманистону Ӯзбекистон рақобат мекунанд.

Қобили зикр аст, ки ба давраи ниҳоии Чемпионати Осиё се даста аз ин гурӯҳ роҳхат мегиранд. Чемпионати ахири Осиё оид ба футболи хурд соли гузашта дар Аморати Муттаҳидаи Араб доир гардида, дастаи Ҷопон ғолибият ба даст оварда буд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.