Воридоти автомобил ба Тоҷикистон 10 ҳазор адад дар як сол афзуд

Нисбат ба соли гузашта соли равон ба Тоҷикистон 10 ҳазор адад нақлиёти автомобилӣ бештар ворид гардид. Бино ба маълумоти Хадамоти гумруки ҷумҳурӣ, тӯли моҳҳои январ-сентябри соли ҷорӣ ба ҷумҳурӣ 45 ҳазору 449 адад нақлиёти автомобилӣ ворид карда шуда, ин нишондиҳанда соли гузашта ба 35 ҳазору 906 адад баробар буд. Дар таносуби маблағи пулӣ воридоти воситаҳои […]


Нисбат ба соли гузашта соли равон ба Тоҷикистон 10 ҳазор адад нақлиёти автомобилӣ бештар ворид гардид.

Бино ба маълумоти Хадамоти гумруки ҷумҳурӣ, тӯли моҳҳои январ-сентябри соли ҷорӣ ба ҷумҳурӣ 45 ҳазору 449 адад нақлиёти автомобилӣ ворид карда шуда, ин нишондиҳанда соли гузашта ба 35 ҳазору 906 адад баробар буд. Дар таносуби маблағи пулӣ воридоти воситаҳои нақлиёт 37,9% афзудааст.

Агентии омори назди президенти ҶТ дар ин робита иттилоъ медиҳад, ки давоми моҳҳои январ-сентябри соли 2013 маблағи умумии воридоти нақлиёти автомобилӣ 551,5 млн. доллари ИМА-ро ташкил додааст. Кишварҳои асосие, ки аз онҳо ба Тоҷикистон автомашинаҳо ворид карда шудаанд, Аморати Муттаҳидаи Араб, Русия, Чин ва кишварҳои Назди Балтик маҳсуб меёбанд.

Дар ҳамин ҳол, бино ба иттилои хабаргузории «Синьхуа», аз оғози соли равон содироти автомашинаҳои истеҳсоли Чин, аз ҷумла ба Тоҷикистон низ коҳиш ёфтааст. Соли ҷорӣ аз Чин ба Тоҷикистон 1 ҳазору 502 адад автомобил ворид карда шудааст, ки нисбат ба нишондиҳандаи семоҳаи сеюми соли гузашта 15,8% камтар аст.

Миёни кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ соли равон аз Чин аз ҳама бештар ба Қазоқистон автомобил ворид карда шудааст, ки 9 ҳазору 18 ададро ташкил дода, нисбат ба семоҳаи соли гузашта 1,1% бештар мебошад. Воридот ба кишварҳои дигар, аз ҷумла ба Тоҷикистон – 1 ҳазору 502 адад (коҳиш 15,9%), Туркманистон – 1 ҳазору 110 адад (коҳиш 19,8%) ва Русия 1 ҳазору 305 адад (коҳиш 56,5%) кам шудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.