Суғд: Гумонбарии собиқ омӯзгори мактаби олӣ ба қаллобӣ

Собиқ омӯхзгори яке аз мактабҳои олии вилояти Суғд ба қаллобӣ гумонбар дониста мешавад. Барои дохилшавӣ ба мактаби олӣ ӯ аз як сокини шаҳри Конибодом 60 ҳазор рубли русӣ маблағ талаб кардааст. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррпусияи вилояти Суғд хабар доданд, сокини шаҳри Конибодом П.Р. ба раёсат […]

Мавлуда Рафиева


Собиқ омӯхзгори яке аз мактабҳои олии вилояти Суғд ба қаллобӣ гумонбар дониста мешавад. Барои дохилшавӣ ба мактаби олӣ ӯ аз як сокини шаҳри Конибодом 60 ҳазор рубли русӣ маблағ талаб кардааст.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррпусияи вилояти Суғд хабар доданд, сокини шаҳри Конибодом П.Р. ба раёсат муроҷиат намуда, изҳор кардааст, ки собиқ омӯзгор С.Г. моҳи октябри соли 2012 ваъда додааст, ки ба ивази 60 ҳазор рули русӣ барои «мусоидаташ», ӯро ба Донишгоҳи давлатии Хуҷанд дохил мекунад, аммо маблаги пулиро гирифта, иҷрои ваъдаро фаромӯш ва барои эҳтиёҷоти худ масраф кардааст.

Ба иттилои манбаъ, нисбати собиқ омӯзгор мутобиқи моддаи 247, қисми 2-и Кодекси ҷиноии ҶТ (Қаллобӣ) парвандаи ҷиноӣ боз гардида, тафтиш идома дорад.

Бино ба маълумоти Раёсати Агентии зиддифасод дар вилояти Суғд, дар зарфи 9 моҳи соли ҷорӣ дар қаламрави шаҳру навоҳии минтақаи шимоли ҷумҳурӣ 66 далели қаллобӣ (ҳамин давраи соли гузашта – 102 далел) ба қайд гирифта шудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.