Тақвияти мубориза бо ҷинояткории муташаккил дар Тоҷикистон

Дар иҷлосияи навбатии имрӯзаи МНМО ҶТ вакилон бидуни баррасӣ ва якдилона лоиҳаи қонуни аз ҷониби ҳукумат пешниҳодшуда «Дар бораи мубориза бо ҷинояткории муташаккил»-ро маъқул шумориданд. Зимни шарҳи ин масъала ба вакилон муовини вазири адлияи Тоҷикистон Абдуманнон Холиқов изҳор намуд, ки «дар баробари дастовардҳо, ҷаҳонишавӣ ба мардуми ҷаҳон таҳдиду ситезаҷӯиҳои навро низ рӯйи кор овард». «Ҷинояткории […]


Дар иҷлосияи навбатии имрӯзаи МНМО ҶТ вакилон бидуни баррасӣ ва якдилона лоиҳаи қонуни аз ҷониби ҳукумат пешниҳодшуда «Дар бораи мубориза бо ҷинояткории муташаккил»-ро маъқул шумориданд.

Зимни шарҳи ин масъала ба вакилон муовини вазири адлияи Тоҷикистон Абдуманнон Холиқов изҳор намуд, ки «дар баробари дастовардҳо, ҷаҳонишавӣ ба мардуми ҷаҳон таҳдиду ситезаҷӯиҳои навро низ рӯйи кор овард».

«Ҷинояткории муташаккил хусусияти фаромиллӣ дар саросари ҷаҳонро касб мекунад ва даромади солонаи ҷинояткорӣ дар дунё беш аз 500 млрд. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад, – зикр кард ӯ. – Бо ҳамин сабаб ва бо мақсади иҷрои барномаи давлатии Тоҷикистон дар бораи мубориза бо ҷинояткорӣ, лоиҳаи қонуни мазкур таҳия шуд, ки дар он роҳ надодани намояндагони гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятпеша ба хизмати давлатӣ пешбинӣ шудааст».

Зимнан зикр гардид, ки дар лоиҳаи қонун ҳамчунин тадбирҳои пешгирии ҷинояткории муташаккил дар ҷумҳурӣ ва ҳамоҳангсозии кӯшишҳои вазорату идораҳри дахлдор дар мубориза бо он низ пешбинӣ шудаанд. Муовини вазири адлия аз дигар ҷузиёти лоиҳаи қонун ҳарф назад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.