Ҳаракати нақлиёт дар пули хиёбони Саъдии Шерозӣ барқарор шуд

Шоми дирӯз ҳаракати нақлиёт бо ду самти пули хиёбони Саъдии Шерозӣ (болои дарёи Душанбе) пас аз ним сол барқарор шуд. Як самти ҳаракати купрӯк нимаи моҳи май ва нимаи тобистон таъмири самти дигари пул оғоз гардид. Ҳамин тариқ, муҳлати анҷоми пурраи корҳои таҷдиди пул аз ду самт ним солро дар бар гирифта, корҳои сохтмонӣ дар […]

ASIA-Plus


Шоми дирӯз ҳаракати нақлиёт бо ду самти пули хиёбони Саъдии Шерозӣ (болои дарёи Душанбе) пас аз ним сол барқарор шуд.

Як самти ҳаракати купрӯк нимаи моҳи май ва нимаи тобистон таъмири самти дигари пул оғоз гардид. Ҳамин тариқ, муҳлати анҷоми пурраи корҳои таҷдиди пул аз ду самт ним солро дар бар гирифта, корҳои сохтмонӣ дар роҳҳои вуруди хурӯҷи он дар зери пул то ҳол идома доранд.

Дар робита ба корҳои таъмиру таҷдид ҳаракати нақлиёт тавассути ин пул маҳдуд гардида буд. Нахуст барқарор шудани ҳаракати нақлиёт бо ду самти пул то рӯзи ҷашни Истиқлолият – 9-уми сентябр дар нақша буд.

Аз мақомоти шаҳрдории пойтахт дар ин робита иттилоъ дода буданд, ки ба суръатбахшии бештар ба корҳои азнавсозии роҳу пулҳои пойтахт иншооти кӯҳнаи коммуникатсионӣ монеъа эҷод месозанд, ки маъмулан зери роҳҳо сохта шудаанд.

Бино ба иттилои қаблӣ, барои корҳои таъмиру азнавсозии пули мазкур ва роҳҳои мошингарди вуруду хурӯҷи он аз буҷети пойтахт беш аз 14 млн. сомонӣ маблағ ҷудо карда шуд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.