Коммунистони тоҷик солгарди Октябри Кабирро ҷашн гирифтанд

Ба муносибати 96-умин солгарди Инқилоби Кабири Октябр коммунистони Тоҷикистон рӯзи 7-уми ноябр дар шаҳрҳои бузурги кишвар чорабиниҳо доир намуданд. Коммунистон ба пояи нимпайкараҳои Владимир Ленин, ки дар дар ташкилотҳои ҳизбии шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Кӯлоб, Хоруғ ва Қӯрғонтеппа мавҷуданд, гулҳо гузоштанд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» муовини аввали раиси ҲКТ, вакили палатаи поёнии парлумон Исмоил Талбаков хабар […]

Аваз Юлдошев


Ба муносибати 96-умин солгарди Инқилоби Кабири Октябр коммунистони Тоҷикистон рӯзи 7-уми ноябр дар шаҳрҳои бузурги кишвар чорабиниҳо доир намуданд.

Коммунистон ба пояи нимпайкараҳои Владимир Ленин, ки дар дар ташкилотҳои ҳизбии шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Кӯлоб, Хоруғ ва Қӯрғонтеппа мавҷуданд, гулҳо гузоштанд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» муовини аввали раиси ҲКТ, вакили палатаи поёнии парлумон Исмоил Талбаков хабар дод, ба ин муносибат дар шаҳри Душанбе маҷлиси тантанавии коммунистон доир гардида, дар он «нақши бузурги Инқилоби Октябр дар рушди ҳаракати пролетариати ҷаҳонӣ, хизматҳои пешвои пролетариати ҷаҳон Владимир Ленин дар кори ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои меҳнаткашон қайд гардид».

«Ман ҳамчун номзад ба мансаби президентӣ ба ҳамаи коммунистони ҷумҳурӣ, аъзои ситоди пешазинтихоботӣ барои хизмати шоиста дар таблиғоти барномаи пешазинтихоботиам изҳори миннатдорӣ қардам», – гуфт Талбаков.

Дар интихоботи президентӣ номзади коммунистҳо Исмоил Талбаков пас аз президенти амалкунанда бо касби 181 ҳазору 675 нафар раъйи интихобкунандагон (5%) зинаи дуюмро ишғол намуд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.