Ахири моҳи ноябр ҳукумат ба истеъфо меравад

Мутобиқи меъёрҳои қонуни конститутсионии Тоҷикистон «Дар бораи ҳукумат», бо интихоби президенти нави Тоҷикистон ҳукумати айни замон амалкунандаи кишвар бо ҳайати пуррааш ба истеъфо меравад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ дод, пас аз расман сари мансаб омадани президенти тозаинтихоб Эмомалӣ Раҳмон ҳукумат ба истеъфо хоҳад рафт. Мувофиқи фармони президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, […]

Аваз Юлдошев


Мутобиқи меъёрҳои қонуни конститутсионии Тоҷикистон «Дар бораи ҳукумат», бо интихоби президенти нави Тоҷикистон ҳукумати айни замон амалкунандаи кишвар бо ҳайати пуррааш ба истеъфо меравад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ дод, пас аз расман сари мансаб омадани президенти тозаинтихоб Эмомалӣ Раҳмон ҳукумат ба истеъфо хоҳад рафт.

Мувофиқи фармони президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки раиси ҳукумат мебошад, аъзои ҳукумати баистеъфорафта то тасдиқи ҳайати нави ҳукумат ба иҷрои вазифаҳои худ идома медиҳанд.

Қобили зикр аст, ки ҳайати ҳукумати Тоҷикистон аз нахуствазир, муовини аввал ва муовинони ӯ, вазирон ва раисони кумитаҳои давлатӣ иборат аст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.