Дар ҳаҷи имсола 4 нафар зойирини тоҷик фавтиданд

Дар маросими имсолаи зиёрати Хонаи Худо 4 нафар зоирини тоҷик фавтиданд. Бино ба маълумоти Кумитаи дини назди ҳукумати ҶТ фавтидагон Талбак Одинаеви 73-сола, сокини шаҳри Душанбе, Абдувалӣ Қулматови 71-сола, сокини ноҳияи Мастчоҳ, Акаҷон Ашӯрови 74-сола, сокини ноҳияи Хуросон ва Садбарг Асоеваи 49-сола, сокини ноҳияи Ҳисор мебошанд. Ахири ҳафтаи гузашта ҳавопаймои ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» бо […]

Меҳрангез Турсунзода


Дар маросими имсолаи зиёрати Хонаи Худо 4 нафар зоирини тоҷик фавтиданд.

Бино ба маълумоти Кумитаи дини назди ҳукумати ҶТ фавтидагон Талбак Одинаеви 73-сола, сокини шаҳри Душанбе, Абдувалӣ Қулматови 71-сола, сокини ноҳияи Мастчоҳ, Акаҷон Ашӯрови 74-сола, сокини ноҳияи Хуросон ва Садбарг Асоеваи 49-сола, сокини ноҳияи Ҳисор мебошанд.

Ахири ҳафтаи гузашта ҳавопаймои ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» бо 175 нафар зиёраткунандагони охирини мавсими ҳаҷи имсола ба фурудгоҳи Душанбе нишаст. Ҳамин тариқ бозовардани ҳоҷиёни тоҷик, ки аз 19-уми октябр шурӯъ гардида буд, 3 ноябри соли 2013 анҷом ёфт.

Қобили зикр аст, ки соли равон Арабистони Саъудӣ барои зойирини тамоми кишварҳо шумори квотахоро ба андозаи 20% кам кард. Бо назардошти ин квота имсол 6,3 ҳазор нафар тоҷикистониён макони муқаддаси Исломро зиёрат карданд.

Нархи ҳаҷҷи имсола 17 ҳазору 625 сомонӣ (беш аз 3 ҳазору 710 $)-ро ташкил дод, ки дар муқоиса бо соли гузашта 497,3 сомонӣ зиёдтар аст. Бо ин маблағ зоирини Хонаи Худо тавассути ҳавопаймо ба макони муқаддаси мусалмонон расонида шуда, бо меҳмонхона дар Маккаву Мадина, сарулибоси ягонаи маъмулӣ бо нишони Тоҷикистон, хӯроки севақта, кӯмаки тиббӣ, чорво барои қурбонӣ кардан, ҷомадон ва дигар хизматгузориҳои зарурӣ таъмин карда шуданд.

Соли гузашта адои маросими ҳаҷ барои тоҷикистониён – 3 ҳазору 546 $ ва соли 2011 – 3 ҳазору 448 доллари ИМА-ро ташкил дода буд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.