Сатҳи синфи миёна дар Тоҷикистон ба 22% расида метавонад

Дар Тоҷикистон то ҳол дақиқан сатҳи синфи миёнаро муайян накардаанд, аммо дар мизони 22% қарор доштани ин гурӯҳи иҷтимоӣ аз шумори умумии аҳолиро комилан имконпазир медонанд. Аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки ин маълумот ба нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2013 ва дурнамои асосии он дар […]

Заррина Эргашева


Дар Тоҷикистон то ҳол дақиқан сатҳи синфи миёнаро муайян накардаанд, аммо дар мизони 22% қарор доштани ин гурӯҳи иҷтимоӣ аз шумори умумии аҳолиро комилан имконпазир медонанд.

Аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки ин маълумот ба нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2013 ва дурнамои асосии он дар давоми солҳои 2014-2015 асос ёфтаанд.

Гуфта мешавад, ин дурнамо бо назардошти таҳқиқот ва арзёбии рушди иқтисоди ҷаҳон ва кишварҳои узви ИДМ, омилҳои берунии марбут ба тиҷорати ҷаҳонӣ, тағйирёбии нархҳо дар бозори молу ашёи хом ва ҳамчунин бахшҳо ва афзалиятҳои рушди иқтисоди миллӣ ва равандҳои инкишофи иқтисод тайи солҳои ахир таҳия гардидаанд.

Қобили зикр аст, ки таҳқиқоти ахир оид ба муайян крадани сатҳи табақаи миёнаи аҳолӣ соли 2009 анҷом дода шуд. Он замон муайян шуда буд, ки шумори аҳолии қашшоқ 47,2% ва даромади моҳонаи онҳо 162 сомонӣ барои як нафарро ташкил медод. Сатҳи аҳолии осебпазир 30% ва онҳо моҳе барои як кас аз 162 то 230 сомонӣ маблағи пулӣ масраф мекарданд.

Мизони синфи миёнаи поёнӣ 12,9% – 230-294 сомонӣ барои як нафар дар як моҳ ва сатҳи синфи миёнаи болоӣ (аҳолии доро) 13,1%-ро ташкил дода буд, ки метавонистанд дар як моҳ барои як нафар 295 сомонӣ ва зиёда аз онро хароҷот кунанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.