Кумаки ИМА дар таъмиру азнавсозии биноҳои мактаб-интернати ноҳияи Рӯдакӣ

Чанде қабл сафири ИМА дар Тоҷикистон Сюзан М. Эллиотт дар маросими расмии мавриди истифодабарии манзилҳои барқароршудаи мактаб-интернати беҳдошт дар ноҳияи Рудакӣ ширкат варзид. Тавре аз сафорати ИМА дар Тоҷикистон иттилоъ доданд, манзилҳое, ки бо маблағи 45 ҳазор доллари ИМА аз нав барқарор карда шуданд, ҳаммом, хонаи либосшӯӣ ва обанбори барқароршударо дар бар мегиранд. Корҳои барқарорсозӣ […]

ASIA-Plus


Чанде қабл сафири ИМА дар Тоҷикистон Сюзан М. Эллиотт дар маросими расмии мавриди истифодабарии манзилҳои барқароршудаи мактаб-интернати беҳдошт дар ноҳияи Рудакӣ ширкат варзид.

Тавре аз сафорати ИМА дар Тоҷикистон иттилоъ доданд, манзилҳое, ки бо маблағи 45 ҳазор доллари ИМА аз нав барқарор карда шуданд, ҳаммом, хонаи либосшӯӣ ва обанбори барқароршударо дар бар мегиранд.

Корҳои барқарорсозӣ аз ҷониби Дафтари Ҳамоҳангсози Департаменти давлатии ИМА оид ба кӯмаки ИМА ба давлатҳои Аврупо ва Авруосиё маблағгузорӣ шуда, аз ҷониби Барномаи ҷомеавӣ ва кумаки башардустонаи Каунтерпарт Интернешнл (CHAP) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ шудаанд. Ҳолати санитарӣ ва беҳдошт барои талабагон ва кормандоне, ки дар мактаб кор ва зиндагӣ мекунанд, пас аз анҷоми корҳои барқарорсозӣ беҳтар шудаанд.

Мактаб-интернати беҳдошт соли 1964, ҳамчун иншоот барои кӯдакони дорои сироятҳои мухталиф роҷеъ ба сироятнопазирии заъифӣ аз сартосари ҷумҳурӣ таъсис дода шуда буд. Зиёда аз 500 кудакони сину солашон аз 7 то 16 сола дар мактаби мазкур соҳиби маълумоти ибтидоӣ шуда, дастрасӣ ба муолиҷаи тиббӣ доранд.

Аз соли 1992 инҷониб мардуми Амрико тавассути барномаҳо ва кӯмакҳои башардустона, барои дастгирӣ намудани ниҳодҳои демократӣ, соҳаҳои тандурустӣ, маориф ва рушди иқтисодии Тоҷикистон, маблағи беш аз 1 миллиард доллари ИМА-ро ҷудо намудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.