Оғози Ҳафтаи таҳсили байнулмилалӣ дар Тоҷикистон

Имрӯз дар Тоҷикистон Ҳафтаи таҳсили байнулмилалӣ оғоз мегардад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз сафоратхонаи ИМА дар Тоҷикистон хабар доданд, маросими ифтитоҳи ҳафта аз ярмаркаи таҳсилӣ дар Маркази исмоилияи шаҳри Душанбе бо иштироки созмонҳои байнулмилалии гуногун, аз қабили Шӯроҳои амрикоӣ оид ба таҳсили байнулмитлалӣ (ACCELS), EducationUSA, Айрекс (IREX), Интсититути «Ҷомеаи кушода» (OSI), Маркази фарҳанги «Бактрия», Барномаи […]

ASIA-Plus


Имрӯз дар Тоҷикистон Ҳафтаи таҳсили байнулмилалӣ оғоз мегардад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз сафоратхонаи ИМА дар Тоҷикистон хабар доданд, маросими ифтитоҳи ҳафта аз ярмаркаи таҳсилӣ дар Маркази исмоилияи шаҳри Душанбе бо иштироки созмонҳои байнулмилалии гуногун, аз қабили Шӯроҳои амрикоӣ оид ба таҳсили байнулмитлалӣ (ACCELS), EducationUSA, Айрекс (IREX), Интсититути «Ҷомеаи кушода» (OSI), Маркази фарҳанги «Бактрия», Барномаи Tempus, Хадамоти табодули академии Олмон (DAD) ва Донишгоҳи Осиёи Марказӣ (UCA) шурӯъ мешавад.

«Ҳар кадоме аз ин созмонҳо ҳозиринро бо барномаҳои таҳсилӣ шинос ва дар бораи имконоти таҳсил маълумоти муфассал пешниҳод намуда, ба саволҳои иштирокчиён посух мегӯяд», – гуфтанд дар сафорат.

Ба иттилои манбаъ, дар доираи намоишгоҳ ҳамчунин чорабиниҳои гуногуни иттилоотиву маърифатӣ низ ташкил карда мешаванд.

Дар сафоратти ИМА таъкид сохтанд, ки Ҳафтаи таҳсили байнулмилалӣ имкониятест барои зикри афзалияти таҳсил ва табодул дар саросари ҷаҳон. «Ин ташаббуси муштараки Департаменти давлатӣ ва Вазорати маорифи ИМА дар доираи кӯшишҳои мо ҷиҳати омодагии мардуми Амрико ба муҳити глобалӣ ва ҷалби пешвоёни нав аз хориҷ барои таҳсил, омӯзиш ва табодули таҷриба дар ИМА гузаронида мешавад», – гуфт манбаъ.

Зимнан зикр гардид, ки Барномаҳои табодул барои рушди ҳусни тафоҳум ва эҳтиром, инкишофи қобилиятҳои роҳбарӣ ва саҳмгирӣ дар густариши муносибатҳои миёни ИМА ва дигар халқҳо хеле муҳим аст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.