Ҳалокати 7 нафар дар садамаи нақлиёт дар роҳи Ваҳдат-Рашт

Бар асари як садамаи нақлиёти фоҷеабор дар километри 17-уми роҳи мошингарди Ваҳдат-Рашт-Ҷиргатол 7 нафар ба ҳалокат расиданд. Бино ба иттилои ВКД ҶТ, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», сокини ноҳияи Файзобод Фирдавс Юсуфови 34-сола ба самти муқобили ҳаракати роҳ баромада, ба автомашинаи тамғаи «Опел-Астра» таҳти идораи сокини 38-солаи ноҳияи Файзобод Сабзалӣ Олимов бармехӯрад. «Дар натиҷа ронандагони ҳарду […]

ASIA-Plus


Бар асари як садамаи нақлиёти фоҷеабор дар километри 17-уми роҳи мошингарди Ваҳдат-Рашт-Ҷиргатол 7 нафар ба ҳалокат расиданд.

Бино ба иттилои ВКД ҶТ, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», сокини ноҳияи Файзобод Фирдавс Юсуфови 34-сола ба самти муқобили ҳаракати роҳ баромада, ба автомашинаи тамғаи «Опел-Астра» таҳти идораи сокини 38-солаи ноҳияи Файзобод Сабзалӣ Олимов бармехӯрад.

«Дар натиҷа ронандагони ҳарду автомашина, мусофирон Робия Қаландароваи 50-сола ва як марди шахсияташ номаълум аз ҷароҳатҳои бардошта дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд», – гуфта мешавад дар иттилои ВКД.

Зимнан зикр мегардад, ки дигар мусофирони автомашинаҳо Шоира Турсуноваи 35-сола, Омина Юсуфоваи 1-сола ва Фариза Қодироваи 49-сола дар роҳ ба бемористон фавтида, боз се нафар мусофирон бо ҷароҳатҳои вазнин ба бемористон мунтақил шудаанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.