Дар Душанбе Ҳафтаи Аврупо-2013 оғоз мегардад

Рӯзи 16-уми ноябри соли равон дар шаҳри Душанбе Ҳафтаи Аврупо оғоз ёфта, то 24-уми ноябри давом хоҳад кард. Бархе аз барномаҳои ин чорабинӣ рӯзи 20-уми ноябр дар шаҳри Ҳисор баргузор хоҳад шуд. Тавре аз намояндагиии Иттиҳоди Аврупо дар ҶТ хабар доданд, бо ташаббус ва дастгирии Намояндагии ИА дар Тоҷикистон, Ҳафтаи Аврупо яке аз намоёнтарин руйдоди […]

ASIA-Plus


Рӯзи 16-уми ноябри соли равон дар шаҳри Душанбе Ҳафтаи Аврупо оғоз ёфта, то 24-уми ноябри давом хоҳад кард. Бархе аз барномаҳои ин чорабинӣ рӯзи 20-уми ноябр дар шаҳри Ҳисор баргузор хоҳад шуд.

Тавре аз намояндагиии Иттиҳоди Аврупо дар ҶТ хабар доданд, бо ташаббус ва дастгирии Намояндагии ИА дар Тоҷикистон, Ҳафтаи Аврупо яке аз намоёнтарин руйдоди фарҳангӣ дар ҳаёти сокинони маҳаллӣ гаштааст. Бо барномаҳои ҷолибу рангоранг ин иқдоми пешгирифта равобити ҳамкории ИА ва Тоҷикистонро боз ҳам қавитар гардонида, ҳамагонро аз густариши ҳамкориҳои минбаъда ошно месозад. Инчунин, чорабинии мазкур барои паҳн сохтани арзишҳо ва гуногунрангии фарҳанги Аврупо берун аз ҳудуди он хизмат мекунад.

Ба иттилои манбаъ, имсол, дар ҳамкорӣ бо Фонди Ҷамъияти Кушода, Донишкадаи Гётеи Тошканд ва ширкати “IDEA”, Маркази Фарҳангии Бохтар барномаи ҷолиби фарҳангиро зери унвони «Ҷавонон пешсафанд», ки ба рушди ҷамъият, санъат, ҷанбаҳои маориф ва фарҳанги Аврупо бахшида шуда аст, пешкаш менамояд.

Гуфта мешавад, барномаи чорабинии имсола ҳама ҷанбаҳои санъатро дар бар гирифта, ба он барномаҳои мусиқӣ, намоиши театрӣ ва санъати тасвирӣ шомиланд. Инчунин якчанд конфронсу чорабинӣ баҳри ҳавасмандгардонӣ ва ҷалби ҷавонон дар масъалаҳои ҷамъиятию фарҳангӣ, мубоҳисаҳо доир ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва ғайраҳо пешбинӣ шудаанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.