Дархости ҳукумат бобати аз пардохти ААИ ва боҷ озод кардани ширкати «ТоҷЧин»

Ҳукумати ҷумҳурӣ ба палатаи поёнии парлумон лоиҳаи тасҳеҳ ба қонун «Дар бораи Буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2013»-ро ирсол намуд, ки дар он озод кардани корхонаи муштараки ҶДММ «ТоҷЧин» аз пардохти андоз аз арзиши изофа (ААИ) ва боҷи содиротӣ барои воридоти технология, таҷҳизот ва масолеҳи сохтмон ба ҷумҳурӣ пешбинӣ мегардад. Вакили палатаи поёнии парлумон, узви […]

Аваз Юлдошев


Ҳукумати ҷумҳурӣ ба палатаи поёнии парлумон лоиҳаи тасҳеҳ ба қонун «Дар бораи Буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2013»-ро ирсол намуд, ки дар он озод кардани корхонаи муштараки ҶДММ «ТоҷЧин» аз пардохти андоз аз арзиши изофа (ААИ) ва боҷи содиротӣ барои воридоти технология, таҷҳизот ва масолеҳи сохтмон ба ҷумҳурӣ пешбинӣ мегардад.

Вакили палатаи поёнии парлумон, узви Кумита оид ба молия ва иқтисоди МНМО ҶТ Шарофиддин Сироҷов ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки ояндаи наздик Кумитаи мазкур дар ҳамдастӣ бо Вазорати молия ҳаҷми маблағеро, ки дар натиҷаи роҳандозии ин имтиёз ба ширкати «ТоҷЧин» ба буҷет ворид намешавад, дақиқан муайян хоҳанд кард.

Ёдрас мекунем, ки  1-уми октябри соли равон бо иштироки президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар болои ағбаи Чормағзаки шаҳри Ваҳдат сохтмони як корхонаи бузурги сементбарорӣ оғоз ёфт. Ин корхонаи азими саноатӣ бо иқтидори солонаи 600 ҳазор тонна семент аз ҷониби ширкати муштараки Тоҷикистону Чин ТОҶЧИН дар зарфи 8 моҳ бо харҷи беш аз 20 миллион доллари амрикоӣ бунёд хоҳад ёфт. Аз ин маблағ 51% сармояи мустақим аз доираҳои соҳибкории Ҷумҳурии Мардумии Чин ва 49% сармояи соҳибкорони хусусии Тоҷикистон мебошад.

Ояндаи наздик ҳаҷми сармоягузорӣ то ба 50 миллион доллари амрикоӣ ва иқтидори истеҳсолии корхона ба 1,5 миллион тонна семент дар як сол расонда хоҳад шуд.

Тавре иттилоъ доданд, дар ин ҷо дар давраи сохтмон то 500 нафар ва пас аз ба кор даромадани корхона 250 кас бо корӣ доимӣ таъмин хоҳанд шуд. Беш аз 80% коргарон шаҳрвандони Тоҷикистон хоҳанд буд. Барои аз худ намудани нозукиҳои муҳандисию техникӣ ва технологии ин корхонаи муосир беш аз 50 нафар ҷавонони тоҷик бо ҷалби омӯзгорони соҳибтаҷриба аз Ҷумҳурии Мардуми Чин дар Тоҷикистон омӯзонда ва омода карда мешаванд.

Ба иттилои роҳбарияти чинии корхона ин иншооти азими саноатӣ бо технологияи навтарини ҷаҳонӣ муҷаҳҳаз гардида, истеҳсолоти он бепартов хоҳад буд ва ҳеҷ зарари экологӣ ба табиати зебои ин мавзеъ нахоҳад расонд. Дар ин ҷо сементи навъи 500 ва 600 истеҳсол мегардад, ки дар бозори дохил ва хориҷи кишвар харидорони бешумор дошта, дар сохтмони тамоми намуди иншоот, аз ҷумла иншооти бузурги саноатӣ ва гидротехникию гидроэнергетикӣ низ васеъ истифода мешавад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.