Ифтитоҳи Намоишгоҳи байнулмилалии «Тоҷикистон-2013» дар пойтахт

Имрӯз дар маҷмааи «Кохи Борбад»-и пойтахт маросими ифтитоҳи Намоишгоҳ-ярмаркаи панҷрӯзаи байнулмилалии «Тоҷикистон-2013» доир гардид. Чорабинӣ дар доираи амалисозии созишнома «Дар бораи ҳамкорӣ» миёни Палатаи савдо ва саноати ҶТ ва Палатаи савдо, саноат ва кони Эрон баргузор мешавад. Бино ба иттилои ПСС ҶТ, намоишгоҳ бо иштироки 30 ширкати эронӣ бо мақсади ҷалби сармояи хориҷӣ, технологияҳои пешрафта, […]

ASIA-Plus


Имрӯз дар маҷмааи «Кохи Борбад»-и пойтахт маросими ифтитоҳи Намоишгоҳ-ярмаркаи панҷрӯзаи байнулмилалии «Тоҷикистон-2013» доир гардид. Чорабинӣ дар доираи амалисозии созишнома «Дар бораи ҳамкорӣ» миёни Палатаи савдо ва саноати ҶТ ва Палатаи савдо, саноат ва кони Эрон баргузор мешавад.

Бино ба иттилои ПСС ҶТ, намоишгоҳ бо иштироки 30 ширкати эронӣ бо мақсади ҷалби сармояи хориҷӣ, технологияҳои пешрафта, дарёфти шарикони нав, таъсиси истеҳсолоти муштарак ва ҷойҳои нави корӣ бо истифода аз ашёи хоми маҳаллӣ ва захираҳои корӣ роҳандозӣ мегардад.

Дар намоишгоҳ ширкатҳои пешрафтаи эронӣ намунаҳои беҳтарини маҳсулоти саноатӣ, технологияҳои муҳандисиву фаннӣ ва лоиҳакишии сохтмон, таҷҳизот ва дорувории тиббӣ, воситаҳои поксозии обу фазо, методҳои коркарди партовҳои саноатӣ ва таҷҳизоти муосири бандубаст, генераторҳои гуногуни қулай ва технологияҳои компютерӣ, матоъ, зарф, ороишоти заргарӣ, қолин ва ҳамчунин маҳсулоти ниёзи аввалияи мардумро ба маърази тамошову харид мегузоранд.

Ҳамчунин дар намоишгоҳ корхонаҳои истеҳсол ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, гӯшт, чой, гиёҳҳои шифобахш, таҷҳизоти ҷобаҷокунӣ ва бандубаст, масолеҳи сохтмон, маҳсулоти нафтӣ, маснуот аз пластмасса, ширкатҳои машғул ба истеҳсоли таҷҳизоти дафтари корӣ, меъмории берунӣ ва ғайра низ махсулоти худро пешкаш мекунанд.

Дар доираи чорабинӣ аз баргузории вохӯрии соҳибкорони Эрону Тоҷикистон интизорӣ меравад, ки дар он баррасии дурнамои ҳамкориҳои минбаъдаи дуҷониба ва табодули таҷриба дар назар аст.

Бино ба маълумоти ПСС ҶТ, ҳаҷми муомилоти молии солона миёни Тоҷикистону Эрон беш аз 200 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Дар зарфи 9 моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми муомилоти молӣ миёни ин кишварҳо ба 229 млн. доллари ИМА баробар шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 33% зиёдтар аст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.