«ЮТэйр» фурудгоҳи Душанберо бо техника таъмин мекунад

Моҳи июли соли равон Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе (ФБД) бо ҶММ «ЮТэйр-Лизинг» бобати дастрас намудани 50 адад техникаи аэродромӣ ба маблағи 5,9 млн евро шартнома баст. Тавре котиби матбуотии ФБД Муҳаммадюсуф Шодиев хабар дод, аввали моҳи октябр 3 адад автобуси перронӣ, 2 экскаватор, 1 адад грейдер, 2 адад зинапояҳои худгард оварда шуд. «Дастрас намудани техника идома […]

ASIA-Plus


Моҳи июли соли равон Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе (ФБД) бо ҶММ «ЮТэйр-Лизинг» бобати дастрас намудани 50 адад техникаи аэродромӣ ба маблағи 5,9 млн евро шартнома баст.

Тавре котиби матбуотии ФБД Муҳаммадюсуф Шодиев хабар дод, аввали моҳи октябр 3 адад автобуси перронӣ, 2 экскаватор, 1 адад грейдер, 2 адад зинапояҳои худгард оварда шуд. «Дастрас намудани техника идома дошта, дар назар аст, ки то моҳи марти соли 2014 маҷмӯи техникаҳои дар шартнома нишондодашуда пурра дастрас карда шавад», – гуфт ӯ.

Ба қавли котиби матбуотӣ, техникаҳои нави замонавӣ имкон медиҳан, ки д сатҳ ва сифати хизматрасонӣ ба ҳавопаймоҳо ва мусофирон ба маротиб беҳтар карда шавад.

Ба гуфти мутахассисон «ЮТэйр-Лизинг» ба бозори авиатсионии Осиёи миёна ворид шуда, сараввал бо фурудгоҳи Душанбе ҳамкориро оғоз намудааст. «Дар назар аст, «ЮТэйр-Лизинг» бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда парки техникии фурудгоҳро пурра намояд ва ҳамчун шарики стратегӣ дар оянда низ бо фурудгоҳи Душанбе ҳамкориҳоро вусъат диҳад», – гуфтааст и.в. директори «ЮТэйр-Лизинг» Мария Швартс.

Ёдовар мешавем, ки фурудгоҳи Душанбе калонтарин фурудгоҳи кишвар ба шумор рафта, айни ҳол имкони техникии хизматрасонӣ ба ҳамаи намуди ҳавопаймоҳои калонаҷми мусофиркаш ва боркашро дорад. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.