Ҳаҷми пулҳои захиравӣ дар Тоҷикистон 10% афзуд

Ба санаи 30-юми сентябри соли ҷорӣ ҳаҷми пулҳои захиравӣ дар иқтисоди Тоҷикистон 4,9 млрд. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба семоҳаи дуюми ҳамин сол 10% ва семоҳаи сеюми соли гузашта  15,1% зиёдтар аст. Бино ба маълумоти Бонки миллии ҷумҳурӣ, дар робита ба қонеъ намудани талаботи иқтисод бо пули нақд мебояд гуфт, ки дар семоҳаи ахир […]

Заррина Эргашева


Ба санаи 30-юми сентябри соли ҷорӣ ҳаҷми пулҳои захиравӣ дар иқтисоди Тоҷикистон 4,9 млрд. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба семоҳаи дуюми ҳамин сол 10% ва семоҳаи сеюми соли гузашта  15,1% зиёдтар аст.

Бино ба маълумоти Бонки миллии ҷумҳурӣ, дар робита ба қонеъ намудани талаботи иқтисод бо пули нақд мебояд гуфт, ки дар семоҳаи ахир суръати гардиши пул каме коҳиш ёфта, 7% (ҳамин давраи соли гузашта – 7,2%)-ро ташкил додааст. «Сатҳи таъминоти иқтисод бо асъор тамоили болоравиро касб намуда, дар зарфи 9 моҳи соли равон ба 23,5% (ҳамин давраи соли гузашта – 21,9%) баробар шуд», – иттилдоъ медиҳад БМТ.

Зикр мегардад, ки афзоиши устувори ҳаҷми пул дар зарфи 9 моҳи соли 2013 ба зиёдшавии ҳаҷми амонат бо асъори миллӣ вобаста буда, бақияи умумии пасандозҳо дар низоми бонкии Тоҷикистон аз рӯи натиҷаҳои семоаҳи сеюми соли ҷорӣ 5,3 млрд. сомониро ташкил додааст, ки дар муқоиса бо ҳаҷми ҳамин давраи соли гузашта 13,5% бештар мебошад.

Аз рӯи натиҷаҳои 9 моҳи соли равон ҳаҷми пули нақди дар  муомилот қарордошта дар Тоҷикистон муодили 3 млрд. 765,1 млн. сомонӣ шудааст, ки дар қиёс бо аввали сол 557 млн. 55 ҳазор сомонӣ ё худ ба андозаи 14,8% зиёдтар мебошад.

Ҳаҷми умумии пул дар зарфи 9 моҳи соли ҷорӣ (агрегати М4) бо шумули агрегати М3 ва амонатҳои бемуҳлат 9 млрд. 126 млн. 561 ҳазор сомониро ташкил додааст, ки нисбат ба оғози сол 1 млрд. 170 млн. 746 ҳазор сомонӣ бештар аст.

Ба иттилои БМТ, ғайр аз ин, афзоиши ҳаҷми қарздиҳӣ ба беҳбуди фаъолияти низоми бонкӣ гувоҳӣ медиҳад. Бақияи қарзҳо аз рӯи натиҷаҳои семоҳаи сеюм 7,1 млрд. сомониро ташкил додааст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли пешин 37,9% зиёдтар мебошад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Амалиёт тавассути ҳамёнҳои электронӣ андозбандӣ мешавад?

Ин иқдом барои ошкор кардани соҳибкорони бидуни сабтином роҳандозӣ мешавад.

Дар ҳамоиши чоруми об дар Душанбе беш аз 110 ҳайати расмӣ ширкат мекунанд

Дар робита ба омодагиҳо ба Ҳамоиши чоруми байналмилалии “Об барои рушди устувор” дар ВКХ нишаст баргузор шуд.

Дар Қирғизистон Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон баргузор мешавад

Дар доираи он Рӯзҳои синамои Тоҷикистон низ доир мешавад.

Шумори шабакаи меҳмонхонаҳо дар Тоҷикистон аз дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ камтар будааст

Ҷумҳурӣ ҳоло ҳам бо теъдоди ками меҳмонхонаҳои босифат бозори маҳдуд боқӣ мемонад.

Абдунабӣ Сатторзода: “Азия-Плюс” имиҷи мусбати Тоҷикистон ва василаи сохтани миллати комил аст!

Ин дипломат гуфт, ки расонаи мо барои ҳукумат чӣ аҳамият дорад ва чаро бояд боҷуръат бошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 87

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 майи соли 2026

Аз таъсиси телевизиони "Кӯлоб" ва ифтитоҳи консулгарии Афғонистон дар Хоруғ то даргузашти Лолахон Сатторӣ