Актрисаи маъруф Олга Кабо ба Душанбе наомад

Гурӯҳи ҳунармандони театри мустақили Маскав бори дуюм ба тамошочиёни Душанбе спектакли «Мастер ва Маргарита»-и Булгаковро намоиш медиҳад. Аммо спектакл бидуни иштироки актрисаи маъруфи рус Олга Кабо мегузарад, ки мебоист нақши қаҳрамони асосиро бозад. Ӯро актрисаи дигар Наталя Гончарова иваз мекунад. Корманди Вазорати фарҳанги Тоҷикистон Толиб Норов ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки […]

ASIA-Plus


Гурӯҳи ҳунармандони театри мустақили Маскав бори дуюм ба тамошочиёни Душанбе спектакли «Мастер ва Маргарита»-и Булгаковро намоиш медиҳад. Аммо спектакл бидуни иштироки актрисаи маъруфи рус Олга Кабо мегузарад, ки мебоист нақши қаҳрамони асосиро бозад. Ӯро актрисаи дигар Наталя Гончарова иваз мекунад.

Корманди Вазорати фарҳанги Тоҷикистон Толиб Норов ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки сабаби ба Душанбе ташриф наовардани Олга Кабо наворгирии ногаҳонии ӯ дар шаҳри Париж мебошад, ки чанд рӯз қабл аз сафари Душанбе ӯ ба он ҷо раҳсипор шудааст.

Эълони намоиши спектакли «Мастер ва Маргарита» дар Душанбе бо иштироки Олга Кабо аввали моҳи октябр шурӯъ гардида, маҳз ба шарофати иштироки Олга Кабо дар спектакл, сарфи назар аз нисбатан гаронтар будани билетҳо барои намоиш (ба ҳисоби миёна 150 сомонӣ) дӯстдорони ҳунари театр ба он хеле зиёд таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.

Нахуст эълон шуда буд, ки дар Душанбе ин гурӯҳ спектаклро танҳо як маротиба – рӯзи 19-уми ноябр дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ намоиш медиҳад, аммо баъдтар Вазорати фарҳанг бо дархости сершумори алоқамандони театр қарор кард, ки намоиш рӯзи 18-уми ноябр низ барпо карда мешавад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Шумори шабакаи меҳмонхонаҳо дар Тоҷикистон аз дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ камтар будааст

Ҷумҳурӣ ҳоло ҳам бо теъдоди ками меҳмонхонаҳои босифат бозори маҳдуд боқӣ мемонад.

Абдунабӣ Сатторзода: “Азия-Плюс” имиҷи мусбати Тоҷикистон ва василаи сохтани миллати комил аст!

Ин дипломат гуфт, ки расонаи мо барои ҳукумат чӣ аҳамият дорад ва чаро бояд боҷуръат бошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 87

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 майи соли 2026

Аз таъсиси телевизиони "Кӯлоб" ва ифтитоҳи консулгарии Афғонистон дар Хоруғ то даргузашти Лолахон Сатторӣ

Натиҷагирӣ аз корзори иттилоърасонии “Зиреҳ”, ки наврасонро аз хатарҳои рақамӣ ҳушдор медиҳад

“Зиреҳ” 10 моҳ идома карда, аз ҷониби "Азия-Плюс" дар доираи лоиҳаи “CARAVAN” амалӣ гардид.

Аввалин роҳбари телевизиону қуллапаймои синамову театр. Ёдномаи Обид Ҳомидов

Ӯ роҳбари “Тоҷикфилм”-у Театри Лоҳутӣ ҳам буд ва чанд рӯз пеш 100 – солагиаш таҷлил шуд.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.