Консерти Меҳрнигори Рустам дар Лондон

Рӯзи 28-уми ноябр овозхони ҷавони эстрадаи тоҷик Меҳрнигори Рустам барномаи консертии худро дар Маркази исмоилияи шаҳри Лондон намоиш медиҳад. Чорабинӣ дар доираи Рӯзҳои Тоҷикистон дар Британияи Кабир барпо карда мешавад. Бино ба иттилои сафоратхонаи Тоҷикистон дар Британияи Кабир, дар доираи ин чорабинӣ рӯзи 27-уми ноябр дар мавзӯи «Тоҷикистон дар асри 21. Дурнамои рушд ва пешравӣ» […]

ASIA-Plus


Рӯзи 28-уми ноябр овозхони ҷавони эстрадаи тоҷик Меҳрнигори Рустам барномаи консертии худро дар Маркази исмоилияи шаҳри Лондон намоиш медиҳад. Чорабинӣ дар доираи Рӯзҳои Тоҷикистон дар Британияи Кабир барпо карда мешавад.

Бино ба иттилои сафоратхонаи Тоҷикистон дар Британияи Кабир, дар доираи ин чорабинӣ рӯзи 27-уми ноябр дар мавзӯи «Тоҷикистон дар асри 21. Дурнамои рушд ва пешравӣ» семинар доир гардида, дар он атрофи дурнамои ҳамкориҳо ва сармоягузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистон, вазъи илму маориф ва фарҳанги ҷумҳурӣ ва роҳҳои рушди он табодули назар сурат хоҳад гирифт.

Гуфта мешавад, роҷеъ ба ин мавзӯъҳо сафири Тоҷикистон дар Британияи Кабир Эркин Қосимов,  директори минтақавии Бонки аврупоии таҷдиду рушд Масару Хонма, директори Бонки осиёгии рушд дар Тоҷикистон Чанг Чин Ю, муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Саидраҳмон Назриев, намояндаи Ҷамъияти тоҷикон ва мардуми форсизабони ҷаҳон «Пайванд» Ҷалол Бадахшонӣ ва дигарон маърӯза хоҳанд кард. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.