Боздошти як нашъаҷаллоб дар Маскав бо шаҳодатномаи корманди ВКД Тоҷикистон

spot_imgspot_img

Дата:


Дар пойтахти Русия – шаҳри Маскав нашъаҷалоби навбатӣ аз Тоҷикистон боздошт шуд. Ӯ изҳор намудааст, ки корманди мақомоти қудратии Тоҷикистон аст.

Ин шахсро кормандони милиса дар кӯчаи Лосевскии шаҳр боздошт намуда, зимни боздошт ӯ густохона рафтор кардааст ва шаҳодатномаи корманди ВКД Тоҷикистонро пешниҳод намуда, кӯшиши халосӣ ва сипас ба таҳиди кормандони милиса пардохтааст.

Аммо кормандони милиса ба таҳдидҳои Тиллоев Наҷибулло Неъматуллоевичи 24-сола аҳамият надода, зимни ҷустуҷӯи чизҳои боздоштшуда аз он беш аз 1 кило маводи мухаддири героинро дарёфт намудаанд. Шаҳодатномаи хизматии Тиллоев гирифта, барои санҷиш фиристода шудааст.

Ҷойи кори Тиллоев алҳол муайян карда мешавад. Танҳо ҳаминаш маълум будааст, ки ӯ дар хонаи ҳамсари русаш, дар кӯчаи Палехскии шаҳри Маскав иқомат доштааст. Барои интиқоли маводи мухаддир дар ҳаҷми ниҳоят зиёд ба Тиллоев ҳукми зиндони абад таҳдид мекунад.

Популярное

Похожие материалы

Присоединяйтесь к нам в соцсетях!

Последние новости
Свежее

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе намоиши кӯдаконаи “Гулмоҳӣ” ба саҳна гузошта мешавад. Пеш аз оғози намоиш дар толори...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

“Се зиндонӣ безарар карда шуд”. Додситони кул тирпаронӣ дар боздоштгоҳи Хуҷандро шарҳ дод

Ҳабибулло Воҳидзода, додситони кулли Тоҷикистон тирпаронӣ дар Боздошгоҳи шаҳри...