Боздошти як нашъаҷаллоб дар Маскав бо шаҳодатномаи корманди ВКД Тоҷикистон

Дар пойтахти Русия – шаҳри Маскав нашъаҷалоби навбатӣ аз Тоҷикистон боздошт шуд. Ӯ изҳор намудааст, ки корманди мақомоти қудратии Тоҷикистон аст. Ин шахсро кормандони милиса дар кӯчаи Лосевскии шаҳр боздошт намуда, зимни боздошт ӯ густохона рафтор кардааст ва шаҳодатномаи корманди ВКД Тоҷикистонро пешниҳод намуда, кӯшиши халосӣ ва сипас ба таҳиди кормандони милиса пардохтааст. Аммо кормандони […]


Дар пойтахти Русия – шаҳри Маскав нашъаҷалоби навбатӣ аз Тоҷикистон боздошт шуд. Ӯ изҳор намудааст, ки корманди мақомоти қудратии Тоҷикистон аст.

Ин шахсро кормандони милиса дар кӯчаи Лосевскии шаҳр боздошт намуда, зимни боздошт ӯ густохона рафтор кардааст ва шаҳодатномаи корманди ВКД Тоҷикистонро пешниҳод намуда, кӯшиши халосӣ ва сипас ба таҳиди кормандони милиса пардохтааст.

Аммо кормандони милиса ба таҳдидҳои Тиллоев Наҷибулло Неъматуллоевичи 24-сола аҳамият надода, зимни ҷустуҷӯи чизҳои боздоштшуда аз он беш аз 1 кило маводи мухаддири героинро дарёфт намудаанд. Шаҳодатномаи хизматии Тиллоев гирифта, барои санҷиш фиристода шудааст.

Ҷойи кори Тиллоев алҳол муайян карда мешавад. Танҳо ҳаминаш маълум будааст, ки ӯ дар хонаи ҳамсари русаш, дар кӯчаи Палехскии шаҳри Маскав иқомат доштааст. Барои интиқоли маводи мухаддир дар ҳаҷми ниҳоят зиёд ба Тиллоев ҳукми зиндони абад таҳдид мекунад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.