Баррасии дурнамои рушди Тоҷикистон дар Лондон

Дар шаҳри Лондон таҳти унвони «Тоҷикистон дар асри XXI. Имкониятҳо барои рушд ва пешравӣ» конфронс баргузор шуд. Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, чорабинии мазкур дар чаҳорчӯби баргузории рӯзҳои Тоҷикистон дар Британияи Кабир барпо гардида, аз ҷониби Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Британияи Кабир дар ҳамкорӣ бо Маркази исмоилияи шаҳри Лондон ташкил карда шуд. Тибқи […]


Дар шаҳри Лондон таҳти унвони «Тоҷикистон дар асри XXI. Имкониятҳо барои рушд ва пешравӣ» конфронс баргузор шуд.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, чорабинии мазкур дар чаҳорчӯби баргузории рӯзҳои Тоҷикистон дар Британияи Кабир барпо гардида, аз ҷониби Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Британияи Кабир дар ҳамкорӣ бо Маркази исмоилияи шаҳри Лондон ташкил карда шуд.

Тибқи барномаи Конфронс, дар он Сафири Тоҷикистон дар Лондон Эркин Қосимов, Сафири Британияи Кабир дар Душанбе Робин Орд-Смит, Муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон С. Назриев ва намояндагони ташкилотҳои байналмилалӣ ва хусусӣ, мисли Бунёди Оғо Хон, Бонки Рушди Осиё, Бонки Аврупо оид ба таҷдид ва рушд, Tethys Petroleum, ки дар Тоҷикистон тайи чанд сол фаъолият доранд, инчунин сармоягузорон, аз ҷумла Ассотсиатсияи байналмилалӣ оид ба гидроэнергетика (IHA), баромадҳои хешро роҷеъ ба масъалаҳои муваффақиятҳо ва чолишҳои рушд дар Тоҷикистон, имкониятҳои ҳамкорӣ ва сармоягузорӣ дар соҳаҳои мухталиф ва ғ. ба таваҷҷуҳи иштирокчиёни Конфронс пешниҳод карданд.

Дар анҷоми Конфронс бо ташаббуси Намояндагии тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Британияи Кабир бо иштироки сарояндаи ҷавони кишвар Меҳринигори Рустам барномаи фарҳангӣ барпо карда шуд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.