ВМ: Чархболҳои Тоҷикистон марзи Ӯзбекистонро убур накардаанд

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон воқеъият доштани хабари портали иттилоотии ӯзбекии 12uz.com дар бораи аз ҷониби се чархболи Нерӯҳои ҳарбӣ-ҳавоии кишвар убур шудани марзи ҳавоии Ӯзбекистонро қотеъона рад мекунад. Сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҶТ Фаридун Маҳмадалиев ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки ин маълумот дурӯғи маҳз аст ва нерӯҳои ҳарбӣ-ҳавоии кишвар тибқи нақша […]


Вазорати мудофиаи Тоҷикистон воқеъият доштани хабари портали иттилоотии ӯзбекии

12uz.com

дар бораи аз ҷониби се чархболи Нерӯҳои ҳарбӣ-ҳавоии кишвар убур шудани марзи ҳавоии Ӯзбекистонро қотеъона рад мекунад.

Сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҶТ Фаридун Маҳмадалиев ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки ин маълумот дурӯғи маҳз аст ва нерӯҳои ҳарбӣ-ҳавоии кишвар тибқи нақша парвозҳои таълимӣ анҷом медиҳанд. «Зимни анҷом додани ин гуна парвозҳои таълимӣ убури ҳарими ҳавоии кишварҳои ҳамҷавор ба сифр баробар аст», – зикр кард Маҳмадалиев.

Рӯзи чоршанбеи ҳамин ҳафта портали иттилоотии

12uz.com

маълумот дод, ки рӯзи 27-уми ноябр се чархболи нерӯҳои ҳарбӣ-ҳавоии Тоҷикистон дар мавзеи маҳаллаҳои аҳолинишини Қизил-Мазори ноҳияи Заамини вилояти Ҷиззахи Ӯзбекистон марзи ҳавоии ин кишварро убур намуда, минбаъд ба самти вилояти Сирдарё раҳсипор шудаанд.

Бо истинод ба як манбаъ аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ӯзбекистон хабаргузорӣ ҳамчунин иттилоъ медиҳад, ки ин чархболҳоро дар фазои маҳаллаи аҳолинишини Соҳибкор ва мавзеъҳои назди шаҳри Бекободи вилояти Тошканд низ мушоҳида кардаанд. Гуфта мешавад, чархболҳои Тоҷикистон дар фазои Ӯзбекистон дар маҷмӯъ беш аз 1 соат қарор доштаанд.

Дар портал зикр мегардад, ки Тошканди расмиро акнун зарур аст, ки сабаби чунин рафтори густохона ва ғайриқонунӣ убур шудани марзи ҳавоии кишвар аз ҷониби чархболҳои кишвари ҳамсояро мушаххас намояд.

Дар ҳамин ҳол, дар сомонаи расмии Вазрати корҳои хориҷии Ӯзбекистон дар бораи ин ҳодиса маълумот дода нашудааст.  

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.