Чжэн Чжии чинӣ беҳтарин футболбози Осиё дар соли 2013

Дар пойтахти Малайзия – шаҳри Куала-Лумпур маросими пуршукӯҳи тақдими мукофотҳо ба ҷоизадорони Конфедератсияи футболи Осиё дар соли 2013 баргузор шуд. Бино ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон футболбози беҳтарини қораи Осиё дар соли 2013 ҳимоятгари дастаи «Гуанчжоу Эвергранд»-и Чин Чжэн Чжи дониста шуд. Дар ин номинатсия бо футтболбози чинӣ ҳамлагари дастаи «Истиқлол»-и Эрон Ҷавод […]


Дар пойтахти Малайзия – шаҳри Куала-Лумпур маросими пуршукӯҳи тақдими мукофотҳо ба ҷоизадорони Конфедератсияи футболи Осиё дар соли 2013 баргузор шуд.

Бино ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон футболбози беҳтарини қораи Осиё дар соли 2013 ҳимоятгари дастаи «Гуанчжоу Эвергранд»-и Чин Чжэн Чжи дониста шуд. Дар ин номинатсия бо футтболбози чинӣ ҳамлагари дастаи «Истиқлол»-и Эрон Ҷавод Некӯном ва нимҳимоятгари дастаи «Сеул»-и Кореяи Ҷанубӣ Ха Дэ Сун рақобат доштанд.

Дар номинатсияи футболбози беҳтарини Осиё, ки дар хориҷи қитъаи Осиё ҳунарнамоӣ мекунад, ҳимоятгари дастаи «Интер»-и Милан Юто Нагамото бар ҳамватани худ Кейсуке Хонда (ССКА, Маскав) ва намояндаи Кореяи Ҷанубӣ Со Хен Мин (Байер, Леверкузен) ғолиб омад. Ба ҷоизаи беҳтарин футболбози ҷавони Осиё ҳимоятгари ироқии дастаи «Ризеспор»-и Туркия Алӣ Аднан Кадхим сазовор дониста шуд.

Қобили зикр аст, ки дар маросими тақдими мукофотҳо ба ҷоизадорони Конфедератсияи футболи Осиё дар соли 2013 ноиби президенти ФФТ Хуршед Мирзоев ва котиби генералии ФФТ Ислом Маҳмадшоев ширкат доштанд.


Ҷоизадорони футболи Осиё дар соли 2013:


Алмоси Осиё

– Доктор Чонг Монг-Ҷун (Кореяи Ҷанубӣ);


Орзуи Осиё

– Федератсияи футболи Мянмар;


Ҷоизаи Fair рlay

– Ассотсиатсияи футболи Чин;


Беҳтарин даста

– «Гуанҷоу Эвергранд» (Чин);


Беҳтарин дастаи футзал

– «Чонбури Блювейв» (Тайланд);


Беҳтарин дастаи мунтахаб (занон)

– Кореяи Ҷанубӣ (U-19);


Беҳтарин дастаи мунтахаб (мардон)

– Ироқ (U-20);


Беҳтарин ёвари довар (занон)

– Элисон Фланн (Австралия);


Беҳтарин ёвари довар (мардон)

– Наги Тошиюки (Ҷопон);


Беҳтарин довар (занон)

– Ямагиши Сачико (Ҷопон);


Беҳтарин довар (мардон)

  – Бенҷамин Уилямс (Австралия);


Беҳтарин мураббӣ (занон)

– Такемото Асако (Ҷопон);


Беҳтарин мураббӣ (мардон)

– Чхой Ён Со (Кореяи Ҷанубӣ);


Беҳтарин бозигари футзал

– Сафашут Туекланг (Тайланд);


Беҳтарин футболбози ҷавон (занон)

– Янг Сел-Ги (Кореяи Ҷанубӣ);


Беҳтарин футболбози ҷавон (мардон)

– Алӣ Аднан Кадҳим (Ироқ);


Беҳтарин бозигари Осиё, ки дар қитъаи дигар бозӣ мекунад

– Юто Нагамато (Ҷопон), «Интер» (Италия);


Беҳтарин легионер, ки дар қитъаи Осиё бозӣ мекунад

– Луис Гилерме Да Консейсао Силва (Бразилия), «Гуанчжоу» (Чин);


Беҳтарин футболбоззан

– Ая Мияма (Ҷопон);


Беҳтарин футболбоз

– Чжен Чжи (Чин).

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.