Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, обуҳаво

Анонс – Дар мурофиаи судии соҳибкор Зайд Саидов мавқеи ниҳоии ҷониби ҳимояи айбдоршаванда шунида мешавад. Мурофиа дар бинои тавқифгоҳи муваққатӣ (СИЗО)-и КДАМ доир мегардад; – Дар толори конфронси ҳукумати шаҳри Қӯрғонтеппа оид ба баррасии Ҳисоботи пешакӣ оид ба арёзбии экологии минтақавӣ, Ҳисобот оид ба арзёбии таъсири иҷтимоӣ ва Лоиҳаи санад дар бораи сиёсати кӯчонидан вохӯрии […]

ASIA-Plus



Анонс

– Дар мурофиаи судии соҳибкор Зайд Саидов мавқеи ниҳоии ҷониби ҳимояи айбдоршаванда шунида мешавад. Мурофиа дар бинои тавқифгоҳи муваққатӣ (СИЗО)-и КДАМ доир мегардад;

– Дар толори конфронси ҳукумати шаҳри Қӯрғонтеппа


оид ба баррасии Ҳисоботи пешакӣ оид ба арёзбии экологии минтақавӣ, Ҳисобот оид ба арзёбии таъсири иҷтимоӣ ва Лоиҳаи санад дар бораи сиёсати кӯчонидан вохӯрии машваратӣ доир мегардад, ки барои Лоиҳаи интиқол ва савдои нерӯи барқ дар Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ (CASA-100) омода шудаанд;

– Дар бинои нави Бактрия (кӯч. Турсунзода, 12а) бахшида ба рушди бахши ҳунармандиву косибӣ конфронси матбуотӣ баргузор мешавад.



Қурби




асъор



Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:


1

доллари ИМА

–  4.7737

сомонӣ;


1

евро

– 6.4648

сомонӣ;


1

рубли русӣ

– 0.1479

сомонӣ.  



Як рӯзи таърих


2004

– Раиси Кумитаи ҳифзи марзи давлатии назди ҳукумати ҶТ Абдураҳмон Азимов ва роҳбари Хадамоти марзбонии Русия Владимир Проничев санади қабулу супоридани минтақаи Помири сарҳади Тоҷикистону Афғонистонро ба имзо расониданд.


2004

– Бо дархости мақомоти Тоҷикистон раиси Ҳизби демократ Маҳмадрӯзӣ Искандаров дар Маскав боздошт шуда, баъдтар ба 23 соли зиндон маҳкум гардид.


1918

– Зодрӯзи дирижёр, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, Арбоби шоистаи санъати Тоҷикистон Ибодулло Абдуллоев.


1926

– Мавлуди ҳунарманди балет, Ҳунарпрешаи шоистаи Тоҷикистон Рамзия Баккал.


1926

– Зодрӯзи Рассоми халқии Тоҷикистон Хушбахт Хушвақтов.


1966

– Мавлуди олими соҳаи тиб Ҷамолиддин Абдуллоев.



Вазъи




обуҳаво


Дар вилояти Хатлон

—  Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона 0+5, рӯзона +7+12, дар доманакӯҳҳо шабона -3+2, рӯзона +4+9.


Дар вилояти Суғд

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот. 

Ҳарорат: дар водиҳо шабона -4+1, рӯзона +5+10, дар доманакӯҳҳо шабона -5-10, рӯзона -1+4.


Дар Ноҳияҳои тобеи марказ

  — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.  

Ҳарорат: дар водиҳо шабона -2+3, рӯзона +5+10, дар доманакӯҳҳо шабона -2-7, рӯзона 0+5.


Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

— Обуҳавои


тағйирёбанда,


боришот (борон, барф). 

Ҳарорат: дар ғарби ВМКБ шабона -4+1, рӯзона +1+6;  дар шарқи вилоят шабона -11-16, рӯзона -4+1.


Дар шаҳри Душанбе

— Обуҳавои тағйирёбанда, аксаран бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +3+5, рӯзона +8+10.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.