Ҳайати АНМН ба Русия сафар кард

Ҳайати Агентӣ бо роҳбарии Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенанти милитсия Р. Назаров ба сафари хизматӣ ба шаҳрҳои  Екатеринбург – Тюмен – Омск – Новосибирск – Красноярски Федератсияи Русия сафар намуданд. Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи Агентии мазкур, мақсади сафар аз ташкили ҳамкориҳо дар бастани роҳҳои қочоқи маводи нашъаовар […]


Ҳайати Агентӣ бо роҳбарии Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенанти милитсия Р. Назаров ба сафари хизматӣ ба шаҳрҳои  Екатеринбург – Тюмен – Омск – Новосибирск – Красноярски Федератсияи Русия сафар намуданд.

Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи Агентии мазкур, мақсади сафар аз ташкили ҳамкориҳо дар бастани роҳҳои қочоқи маводи нашъаовар аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Федератсияи Россия, табодули ахбори оперативӣ,  ҳамкории дуҷониба дар мубориза бо гурӯҳҳои мутташакили ҷиноӣ мебошад.

Дар доираи сафари худ бо роҳбарони маъмурияти вилоятҳо, Раёсатҳои  Хадамоти Федеролии  назорати маводи нашъаовари Россия, Вазорати корҳои дохилии ФР, Хадамоти Федеролии Иҷрои Ҷазои Россия, ки дар ин вилоятҳо фаъолият менамоянд, инчунин бо  фаъолони ҷамъияти тоҷикони ин вилоятҳо вохӯриҳо гузаронида мешавад.

Дар ҷараёни сафар ҳайати АНМН аз  Донишкадаи ҳуқуқшиносии Сибири Красноярск дидан менамоянд, ки дар он 20 нафар фарзандони кормандони Агентӣ ва ВКД ҶТ таҳсил доранд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзгоре, ки аз латукӯби бародари як шогирдаш шикоят дошт, мегӯяд, нисбати худаш парванда боз шудааст

Пештар гуфта мешуд, ки Додситонии ноҳияи Нуробод шикояти омӯзгорро баррасӣ дорад.

Трамп баъди фишори Эрон Натаняҳуро водор ба оташбас кард ва гуфт, ки эҳтимол ҳафтаи оянда Вашингтону Теҳрон ба созиш расанд

Бо вуҷуди эълони оташбас аз сӯйи раисҷумҳури Амрико, даргирӣ миёни Исроил ва “Ҳизбуллоҳ” идома ёфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 5

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон Шӯрои рушди иқтисоди рақамӣ дар назди раисҷумҳур таъсис ёфтааст

Он мақоми машваратии нав буда, роҳбарии онро Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад.

Хадамоти зиддиинҳисорӣ: Нархи семент дар Тоҷикистон ба эътидол меояд

Дар ин ниҳод гуфтанд, вазъият дар бозор пас аз супориши раисҷумҳур "муътадил шуд".