Филми коргардони тоҷик ба ҷоизаи кинофестивали ИДМ соҳиб шуд

Дар кинофестивали III-уми байнулмилалии кишварҳои ИДМ, Балтия ва Гурҷистон таҳти унвони «Қирғизистон – кишвари филмҳои кӯтоҳмуддат», ки рӯзи якшанбеи ҳафтаи сипаришуда дар шаҳри Бишкек  ба итмом расид, филми кӯтоҳмуддати коргардони тоҷик Шарофат Арабова «Между» (Дар байн) соҳиби ҷоиза гардид. Бино ба иттилои дастандаркорони фестивал, филми «Между» дар номинатсияи «Филми беҳтарин» ғолиб дониста шуд. Дар ин […]

ASIA-Plus


Дар кинофестивали III-уми байнулмилалии кишварҳои ИДМ, Балтия ва Гурҷистон таҳти унвони «Қирғизистон – кишвари филмҳои кӯтоҳмуддат», ки рӯзи якшанбеи ҳафтаи сипаришуда дар шаҳри Бишкек  ба итмом расид, филми кӯтоҳмуддати коргардони тоҷик Шарофат Арабова «Между» (Дар байн) соҳиби ҷоиза гардид.

Бино ба иттилои дастандаркорони фестивал, филми «Между» дар номинатсияи «Филми беҳтарин» ғолиб дониста шуд.

Дар ин филми коргардони тоҷик аз рӯзгори муҳоҷирони қавмҳои гуногун дар Ҳиндустон ҳикоят карда мешавад, ки яке хушбахту дигаре нисбатан бадбахттар дар ҷустуҷӯи мероси тааллуқдоштаашон дар ҷаҳони нав «дар байне» дармондаанд.

Шарофат Арабова соли 1997 Коллеҷи санъати шаҳри Душанбе ва соли 2006 бо дипломи аъло шуъбаи фарҳангшиносии Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистонро хатм намуда, давоми солҳои 2006-2007 дар Театри академии опера ва балети ба номи С.Айнӣ ба ҳайси ороишгари сарулибос дар спектаклҳо фаъолият намудааст.

Аз соли 2007 гирандаи идрорпулӣ (стипендиат)-и Консулгарии Ҳиндустон оид ба робитаҳои фарҳангӣ (ICCR) ва донишҷӯи шуъбаи коргардонии кинои Донишкадаи кино ва телевизиони Ҳиндустон (FTII) дар шаҳри Пуна буд, ки онро моҳи феврали соли 2013 муваффақона хатм кард.

Аз моҳи сентябри соли 2006 то имрӯз унвонҷӯ (аспирант)-и Шуъбаи таърихи фарҳанги Пажуҳишгоҳи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносӣ (этнография)-и ба номи А.Дониши Академияи улуми Тоҷикистон мебошад, ки рӯйи таърихи кинои тоҷик таҳқиқот анҷом медиҳад. Хатмкардаи Киноакадемияи Осиё (AFA) дар шаҳри Пусан (Корея, соли 2012) ва яке аз ду нафар иштирокчиёне аст, ки бо идрорпулии Dongseo University қадрдонӣ шуда буданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.